Дастаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастаҳои Кувайт ва Эрон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳарифони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки аз 2 то 8 феврал дар Тайланд баргузор мешавад, муайян гардиданд. Дар асоси қуръакашии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаи Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад. Гурӯҳи «А» аз дастаи Тайланд, Туркманистон ва Малайзия таркиб ёфтааст. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд. Сипас, бозии финалӣ ва бозӣ барои ҷои сеюм доир мегарданд.
Мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 аст, ки аз 26 феврал то 8 март дар Ашқобод мегузарад. Дар Чемпионати Осиё оид ба футзал дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон вохӯрда, 5 дастаи беҳтарини Осиё ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал роҳхат мегиранд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва доир мегардад.
«SAT International Futsal Championship 2020»
Гурӯҳи «А»: Тайланд, Туркманистон, Малайзия.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон, Кувайт.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум. 2 феврал (якшанбе)
14:30 – Эрон – Кувайт
17:00 – Тайланд – Малайзия
Даври 2-юм. 3 феврал (душанбе)
14:30 – Кувайт – Тоҷикистон
17:00 – Малайзия – Туркманистон
Даври 3-юм. 4 феврал (сешанбе)
14:30 – Тоҷикистон – Эрон
17:00 – Туркманистон – Тайланд
Нимфинал. 6 феврал (панҷшанбе)
14:00 – 1 «А» – 2 «В»
17:00 – 1 «В» – 2 «А»
8 феврал (шанбе)
14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
17:00 – Финал
Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






