Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2020» бар дастаи Исландия ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»-ро дар шаҳри Мински Беларус бо ғалаба оғоз кард. Дар даври аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаи наврасони Исландия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, голҳоро аз ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.
Бозии дигари гурӯҳи «В» миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм- 21 январ бо дастаи Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми рушд-2020 8 даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»
Гурӯҳи «В».
Даври 1-ум
Исландия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Сунатулло Азизов, 75 (1:2).
Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1
Гурӯҳи «А».
Даври 1-ум
Белгия (U-17) – Финландия (U-17) – 2:1
Беларус (U-17) – Ӯзбекистон (U-16) – 4:1
Бозиҳои баъдӣ:
Даври 2-юм
21 январ (сешанбе)
14:00 – Исроил – ТОҶИКИСТОН
16:10 – Гурҷистон – Исландия
18:20 – Белгия – Ӯзбекистон
20:30 – Финландия – Беларус
Даври 3-юм
23 январ (панҷшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Ӯзбекистон – Финландия
20:30 – Беларус – Белгия
25 январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 7-ум
12:00 – 4 «А» – 4 «В»
Бозӣ барои ҷои 5-ум
14:15 – 3 «А» – 3 «В»
Бозӣ барои ҷои 3-юм
16:30 – 2 «А» – 2 «В»
Финал
18:45 – 1 «А» – 1 «В»








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






