ГАРАВИ ИНТИХОБОТӢ – ШАРТИ МУҲИМИ ИНТИХОБОТ. Мулоҳизаҳои коршиноси АМИТ «Ховар», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Дилшод Сиддиқов роҷеъ ба ин мавзуъ

Январь 2, 2020 12:13

ДУШАНБЕ, 02.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 чорабинии муҳимми оммавию сиёсӣ-интихоботи вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 ва интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъин шудааст. Тибқи фармони зикршуда, интихоби вакилони Маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ баробар ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи зикршуда баргузор хоҳад шуд.

Бо ба тасвиб расидани санади мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни интихобот оғоз меёбад, дар ин раванд марҳилаи муҳим – раванди пешбарии номзадҳо ба вакилӣ мебошад. Қонунгузории интихоботии кишвар ба муқаррароти асосии Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон асос ёфта, қоидаҳо ва талаботи дақиқи пешбарии номзад ба вакилиро муқаррар намудааст, ки онҳоро дар маҷмўъ шартҳои интихоботӣ меноманд.

Мусаллам аст, ки бо мурури замон ва нав шудани муносибатҳои интихоботӣ шартҳои интихобот низ тағйир меёбанд. Ҳар давлати соҳибихтиёр дар асоси имкониятҳои худ бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи демократӣ ва бо риояи санадҳои байналмилалӣ шартҳои интихоботро муқаррар мекунад. Асоси муқаррар кардани шартҳои интихобот – ин, пеш аз ҳама, таъмин намудани раванди интихобот ва пешгирии мушкилотест, ки эҳтимолан дар маъракаи интихобот метавонанд ба вуҷуд оянд.   Масалан, дар як қатор давлатҳо иштироки интихобкунанда дар интихобот ба сифати уҳдадории ҳуқуқӣ муқаррар гардида, дар асоси он овоздиҳии ҳатмӣ пешбинӣ шудааст. Баъзан сиёсатмадорон низ андешаи фавқуззикрро ҷонибдорӣ намуда, овоз доданро ҳамчун уҳдадории шаҳрванд муайян кардаанд ва дар қонунгузории марбута иштироки шахсро дар интихобот ҳатмӣ пешбинӣ намудаанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки шумораи давлатҳое, ки ин таҷрибаро мавриди истифода қарор медиҳанд, зиёд нестанд. Аммо, ба ҳар сурат он давлатҳое, ки ҷонибдори овоздиҳии ҳатмӣ мебошанд, мавқеи худро чунин асоснок кардаанд, ки агар овоз додан ҳаққи шаҳрванд бошад ва танҳо бо ихтиёри худ масъалаи овоз додан ва ё овоз надоданро ҳал кунад, дар он сурат қисми зиёди интихобкунандагон бо сабабҳои гуногун дар интихобот иштирок намекунанд ва аз ин роҳ имконияти беҳадду ҳудуд барои фаъолияти сиёсатмадорони касбӣ, ки натиҷаи интихоботро ба манфиати худ истифода мебаранд, фароҳам меоварад.

Интихобот шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Бо мақсади дар интихобот иштирок намудани шахси арзанда ва босалоҳияту масъулиятнок ҷиҳати ба даст овардани мақоми вакилӣ дар қонунгузории аксари давлатҳои муосир гарави интихоботӣ пешбинӣ шудааст. Ба ибораи дигар, гарави интихоботӣ дар замони муосир ҳамчун шарти муҳимми интихоботӣ дар давлатҳои ҷаҳон пазируфта шудааст.

Бояд гуфт, ки гарави интихоботӣ миқдори муайяни маблағе мебошад, ки андозаи онро қонунгузорӣ муайян мекунад ва қабл аз ба кайд гирифтани номзад ва ё рўйхати номзадҳо пардохт карда мешавад. Мушаххасан бошад, гарави интихоботӣ миқдори муайяни маблағест, ки номзади эҳтимолӣ бояд ба суратҳисоби махсуси бонкӣ гузошта ва ба мақомоти интихоботӣ маълумотномаи бонкиро пешниҳод намояд.

Пардохти гарави интихоботӣ барои ба даст овардани мақсадҳои муайян сурат мегирад. Қабл аз ҳама он ҷиддӣ будани майлу хоҳиши номзадро таъмин намуда, иштироки ҳар гуна шахсони тасодуфиро дар интихобот маҳдуд мекунад.

Айни замон, ин як воситаи интизомнокии номзадҳост, зеро дар кишварҳое, ки воситаҳои оддии бақайдгирии номзадҳо мавҷуд аст, аз  он дарак медиҳад, ки нисбат ба маъракаҳои интихоботӣ муносибати на он қадар ҷиддӣ дода мешавад.

Кафолати интихобот бо чунин як омили муҳим вобаста ба маъруфияти номзад ё ҳизби сиёсӣ миёни интихобкунандагон алоқаманд аст. Ин робита дар он зоҳир мешавад, ки ҳар як номзад ё ҳизби сиёсӣ, ки дар шароити мавҷудияти гарави интихоботӣ дар интихоботҳои муайян имконияти худро дар асоси дастгирии эҳтимолии овоздиҳандагон дақиқ арзёбӣ карда, қарор қабул мекунад ва ин вазифаи ҳимоявӣ ва пешгирикунандаи гарави интихоботиро нишон медиҳад.

Дар ҳуҷҷатҳои САҲА оид ба тартиби баргузории интихобот ва шарҳу эзоҳҳои онҳо чунин нишон дода шудааст: «Барои таъмини татбиқи ҳуқуқи интихоб шудан, тартиби бақайдгирии номзадҳо бояд интихобот шаффоф, бовиҷдонона ва бидуни табъиз бошад. Рад кардани бақайдгирии номзад бояд дар асоси меъёрҳои воқеии қонунгузорӣ асос ёбад. Маблағи гаравпулӣ ба андозаи кофӣ муқаррар карда шавад, то аз зарурати бақайдгирии номзади бемасъулият пешгирӣ  гардад, аммо набояд он қадар баланд бошад, ки ҳизбҳои сиёсии ба қайд гирифташуда ё номзадҳои мустақилро аз имконияти ширкат дар интихобот маҳрум кунад».

Дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон гарави интихоботӣ дар соли 2014 бо пешниҳоди тавсиявии САҲА ду маротиба кам карда шуд. Ҳамин тариқ, андешаи он, ки пешниҳод кардани гарави интихоботӣ чун як монеаи иловагии маъмурӣ  шаҳрвандони камбизоатро аз истифодаи ҳуқуқи овоздиҳии худ бозмедоранд, комилан хато ва номукаммал мебошад. Ҳамзамон, он кафолатҳоеро, ки давлат нисбат ба ҳар як номзад пешниҳод мекунад, набояд ба манбае табдил ёбад, ки ба манфиати шахс истифода шаванд. Ҳар номзаде, ки нияти дар интихобот ширкат карданашро эълон кардааст, бояд масъулияти ба дўши ў вогузошташударо  дарк ва  эҳсос кунад. Шаҳрванде, ки  мақоми номзадиро мегирад, бояд донад, ки ӯ на танҳо худашро, балки ҳамаи онҳоеро, ки мавқеи ӯро ҷонибдорӣ мекунанд ва омодаанд, ки дар рӯзи интихобот ба ӯ  овоз диҳанд, намояндагӣ мекунад.

Ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан бо иштироки расмӣ дар интихобот маҳдуд намешавад. Интихобот набояд танҳо ба муборизаи манфиатҳои шахсии номзадҳо, ки дар он ширкат варзидаанд, табдил ёбад. Вақте сухан дар бораи гарави интихоботӣ меравад, тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар қонунгузории интихоботии кишварҳои ҷаҳон, агар номзад ё ҳизби сиёсӣ миқдори муайяни овозҳоро ба даст орад, гарави интихоботӣ баргардонида мешавад. Ин масъала дар санадҳои ҳуқуқии САҲА оид ба баргузории интихобот ба таври возеҳ нишон дода шудааст: «Дар сурати гирифтани шумораи муайяни овозҳо  ба номзад ва ҳизб маблағи гарави интихоботӣ бояд баргардонида шавад».  Ҳамин тариқ, имконияти баргардонидани маблағи гарав мустақиман аз натиҷаҳои овоздиҳӣ вобаста аст. Дар ин маврид хислати пешгирикунандаи гарави интихоботӣ зоҳир мешавад.

Дар доираи санадҳои ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти алоҳидаи ИДМ қабул гардидаанд, доир ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи интихоботӣ, аз ҷумла гарави интихоботӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст. Масалан, дар қисми 1.8.4.-и Тавзеҳот оид ба мутобиқгардонии қонунгузории давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба снатдартҳои байналмилалии интихоботӣ аз 16-уми майи соли 2011 чунин меъёр муқаррар гардидааст: «Гарави интихоботӣ ҳамчун шарти асосии бақайдгирӣ бояд баргардонида шавад, агар номзад фисади муайяннамудаи овозҳоро ба даст орад ё ҳамчун вакил эътироф карда шавад. Ҳаҷми гарави интихоботӣ ва фисади овозҳоро бояд қонун муайян намояд ва он набояд аз ҳад зиёд бошад».

Бояд гуфт, ки гарави интихоботӣ дар қонунгузории давлатҳои ҷаҳон хеле маъмул аст. Аз ҷумла, он дар Ирландия, Фаронса,Ҷумҳурии Чех, Нидерландия, Австрия, Британияи Кабир Ҷопон ва Юнон истифода мешавад. Дар байни кишварҳои пасошўравӣ гарави интихоботӣ дар Арманистон, Латвия, Литва, Украина, Эстония ҷой дорад.   Дар Ҷопон ворид кардани гарави интихоботӣ як унсури зарурӣ ва ҳатмии тартиби бақайдгирии номзад мебошад, ки ба шаҳрванд имкон медиҳад дар интихобот ширкат кунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шарт ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2004 ворид карда шудааст. То ин вақт гарави интихоботӣ дар қонунгузории интихоботии Тоҷикистон пешбинӣ нагардида буд. Татбиқи он бо зарурати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузории интихоботӣ ва инчунин тартиби гузаронидани интихобот алоқаманд аст.

Ҳамин тариқ, истифодаи гарави интихоботӣ дар қонунгузории давлатҳои ҷаҳон ҳамчун шарти асосии интихобот бо мазмунҳои зайл танзим гардидаанд:

  1. Гарави интихоботиро ҳизбҳои сиёсие месупоранд, ки дар парлумон намоянда надоранд, ҳизбҳои парлумонӣ аз супоридани гарави интихоботӣ озоданд;
  2. Ба субъектҳое, ки ҳуқуқи интихоб шудан доранд имконият дода мешавад, ки гарави интихоботиро бо маблағи муайян супоранд ва шумораи имзоҳои интихобкунандагони ҳавзаи дахлдорро ба тарафдории худ ҷамъ оваранд;
  3. Номзадҳое, ки ҳаққи интихоб шудан доранд барои ба қайд гирифтан ба сифати номзад ба мақомоти интихоботӣ ҳатман гарави интихоботӣ месупоранд.

Аз ҷониби интихобкунандагон сазовору арзанда дониста шудани номзади ба вакилии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ пешниҳодшуда  ифодакунандаи обрӯю эътибори ӯ дар байни аъзои ҷомеа мебошад. Шаҳрванде, ки ба боварии халқ сазовор гардидааст, вакили ӯ мебошад ва аз номи халқ идораи давлатро амалӣ менамояд. Дар ҳақиқат, барои он ки интихобот ба майдони муборизаи номзаду шахсони тасодуфӣ ва онҳое, ки аз дастгирии воқеии интихобкунандагон бархӯрдор нестанд, табдил наёбад, дастгирии қаблии интихобкунандагон  ё   муқаррар кардани гарави интихоботӣ барои ба қайд гирифтани номзадҳо зарур аст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар таҷрибаи гузаронидани интихобот дар давлатҳои муосир чунин ба назар мерасад, ки на ҳама вақт имконияти аз номзадҳои тасодуфӣ «раҳоӣ» ёфтан муяссар мешавад.

Ҳамчунин таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон вобаста ба ҳаҷми гарави интихоботӣ андозаҳои мухталифро муқаррар намудаанд. Масалан, дар  Британияи Кабир  андозаи гарави интихобот 500 фунт стерлинг буда, ҳангоми аз ҷониби номзад пайдо кардани дастгирии на кам аз ҳаштяк қисми интихобкунандагон гарав ба пардохткунандааш бозгардонида мешавад. Дар Ирландия ҳангоми гузаронидани интихоботи парлумон гарави интихоботӣ муқаррар гардидааст, ки он дар сурати аз ҷониби номзад ба даст овардани аз се як ҳиссаи овозҳои интихобкунандагон баргардонида мешавад. Дар Фаронса ҳангоми интихоби вакилони парлумони Аврупо гарави интихоботӣ муқаррар гардидааст. Гарави интихоботӣ ба рўйхатҳое, ки на камтар аз 5 фоизи овозҳои додашударо ба даст меоранд, баргардонида мешавад.

Дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андозаи гарави интихоботӣ барои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки мутаносибан ба 5800 сомонӣ дар соли 2020 рост меояд, муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин, дар Қонуни конститутсионии мазкур кафолати баргардонидани маблағи гарави интихоботӣ низ муайян гардидааст. Мутобиқи он, ҳизбҳои сиёсие, ки 5%-и овозҳои интихобкунандагон ва номзадҳои бо тариқи худпешбарӣ 10%-и овозҳои интихобкунандагонро соҳиб мегарданд, маблағи гарави интихоботӣ ба онҳо баргардонида мешавад.

Агар бо забони илмӣ гӯем, истифодаи гарави интихоботӣ ду хусусияти муҳимми ҳуқуқӣ дорад:

1. Хислати огоҳикунанда – номзади эҳтимолиро ҳушдор медиҳад, ки пеш аз он ки номзадиашро ба мақомоти интихоботӣ пешниҳод намояд,  бояд дар бораи имконияту қобилияти худ дуруст андеша кунад ва дар маъракаҳои интихоботӣ худро ҳамчун номзади арзанда муаррифӣ карда тавонад ва сазовори боварии интихобкунандагон бошад.

2. Хусусияти муҷозотӣ, яъне ҷазо дар шакли бекор кардани номзадӣ ба мақомоти интихобӣ. Ин ҳолат вақте татбиқ мегардад, ки номзади бақайдгирифташуда талаботи қонунгузориро дар интихобот вайрон мекунад: масалан, маълумоти бардурўғ дар бораи вазъи саломатӣ пешниҳод кардан, доғи судии худро пинҳон доштан ва ғайра. Дар мавриди ошкор гардидани  чунин қонунвайронкуниҳо комиссияи интихоботӣ қайди номзадии шаҳрванди бақайдгирифташударо бекор  мекунад ва гарави интихоботӣ ба буҷаи давлат мегузарад. Дар ин маврид, гуфтан мумкин аст, ки то андозае ҷавобгарии хуқуқии конститутсионӣ ба вуҷуд меояд.

Бояд  зикр намуд, ки муқаррар кардани гарави интихоботӣ барои гузаронидани интихоботи мақомоти қонунгузорӣ зарур мебошад, чунки номзадҳое, ки гарави интихоботӣ месупоранд, масъулиятро дарк карда, кӯшиш мекунанд дар маъракаҳои интихоботӣ барномаҳои интихоботии худро ба мардум ҳадафмандона муаррифӣ намоянд ва сазовори боварии интихобкунандагон  бошанд. Дигар ин ки  бо муқаррар кардани гарави интихоботӣ сафи шахсони тасодуфӣ ва ё хаёлпарастон дар маъракаҳои интихоботӣ коҳиш меёбад.

Намояндагони ҷомеаи илмӣ истифодаи гарави интихоботиро дар маъракаҳои интихоботӣ зарур мешуморанд, вале пардохти гарави интихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсие, ки аз дастгирии кофии интихоботкунандагон бархӯрдор нестанд, дастгирӣ намеёбанд.

Бо тавсифи мухтасари аҳамият ва зарурати гарави интихоботӣ гуфтан мумкин аст, ки дар КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон талаботҳои бунёдӣ оид ба тартиби таъин ва баргузор намудани интихобот муқаррар карда шудаанд. Дар моддаи 27-и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ муқаррар шудааст, ки ҳамаи муносибатҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихобот бо қонунҳои конститутсионӣ ва амалкунанда танзим карда мешаванд ва дар қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарави интихоботӣ пешбинӣ шудааст. Дар сатҳи меъёрҳои конститутсионӣ пешбинӣ нагардидани падидаи гарави интихоботӣ маънои ғайриконститутсионӣ будани онро надорад. Чуноне маълум аст, Конститутсия наметавонад, ки ҳар як муносибати ҷамъиятиро ба таври мушаххас муқаррар, муайян ва танзим намояд. Чуноне дар боло зикр гардид, вобаста ба танзими соҳавии падидаи гарави интихоботӣ қонунгузории интихоботӣ танзим карда шудааст ва унсури ғайриконститутсионӣ будани онро ифода наменамояд.

Дар хотима, бояд  таъкид намуд, ки истифодаи гарави интихоботӣ дар Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии баргузории интихобот ҷавобгӯ буда, ба таҷрибаи интихоботии давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ асос ёфтаааст ва ба баргузории интихоботи озод ва рақобатпазир мусоидат намуда, кафолати иловагии ҳифзи ҳуқуқҳои номзадҳоро фароҳам меоварад.

                                                          Дилшод СИДДИҚОВ,
                                          номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

 ДАР  БОРАИ МУАЛЛИФ:

СИДДИҚОВ  Дилшод Аҳрорович 1 майи соли 1991 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, соли 2014 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Худи ҳамон сол ба ҳайси муаллими кафедраи фанҳои давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба кор сар кардааст. Аз соли 2016 дар кафедраи ҳуқуқи граждании ин донишгоҳ кор мекунад.

Соли 2019 дар мавзӯи Татбиқи  созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли  Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Январь 2, 2020 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода