Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 12 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишнома ба тасвиб расонид
ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) соли 2019 бо 29 муассисаи таълимии олии хориҷӣ, марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Аз ҷумла, ДМТ барои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории минбаъда бо 12 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишнома ба имзо расонд. Ин нуктаро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Хайрулло Мирзамонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Дар нишасти мазкур муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Тоир Хоҷазода, муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамад Сафармамадов, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҷамила Раҳмонзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Хайрулло Мирзамонзода, муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Нуралӣ Собирзода ва устодону рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Тоир Хоҷазода оид ба фаъолияти пурсамари донишгоҳи мазкур пурра маълумот дода, зикр кард, ки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар таҷлили чандин санаҳои муҳими давлатӣ соли 2019 фаъолона ширкат намуда, маҳз ба хотири ин заҳмату талошҳояшон бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ ва ифтихорномаҳо, аз ҷумла 5 нафар омӯзгор бо ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон”, 23 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 17 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳрии Тоҷикистон” ва 4 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 14 факултети донишгоҳ 259 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд.
Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки донишгоҳи миллӣ бо 283 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, инчунин аъзои Донишгоҳи шабакавии ИДМ ва Донишгоҳи СҲШ мебошад. Дар баробари ин дар донишгоҳ ҳоло 921 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд.








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






