ДУШАНБЕ, ИН ГУЛАФШОНАТ МУБОРАК! Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид

Январь 10, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабри соли 2019 Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар ин бора хабаргузории АМИТ «Ховар» иттилооти муфассал манзур намуда буд. Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта,  дар он  ҳисобот  “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019” пешниҳоди вакилон гардид. Дар ҳисобот далел ва санаду рақамҳое зикр гардиданд, ки дастовард ва музаффариятҳои шоистаи  шаҳрдориро собит месозанд. Дар  Иҷлосия зикр гардид, ки сокинони шаҳри Душанбе дастовардҳои солҳои охири шаҳрдорӣ ва заҳмати бедареғу софдилонаи вакилони даъвати панҷумро дар панҷ соли охир саҳми шоистае дар роҳи таҳкими давлатдории  миллӣ, ободӣ ва пешрафти пойтахти Тоҷикистон медонанд ва онро қадр менамоянд.

Дар Иҷлосия дар қатори масъалаҳои дигар  ҳисоботи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба фарҳанг, маориф ва инноватсия ва назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида ва ба инобат гирифта шуд. Дар ин Иҷлосия фаъолияти панҷсолаи вакилони халқи пойтахт баҳои қаноатбахш гирифт.

Ходими адабии АМИТ  «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар қатори вакилони даъвати панҷуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  тӯли панҷ соли охир,  дар ин даврони бунёдкориву созандагӣ ва шукуфоиҳои пойтахтамон ваколати мардумиро бар уҳда дошт ва дар Иҷлосия ба ҳайси Раиси Комиссияи назорати риояи дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ҳисоботи Комиссияи номбурдаро ироа намуд.

Дар зер ба муносибати ҷаласаи  васеи ҷамъбастии шаҳрдорӣ, ки   10 январи соли 2020  баргузор гардида, дар он фаъолияти яксолаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баоррасӣ ва таҳлил қарор гирифт, андешаҳои номбурдаро  пешкаши шумо мегардонем.

Ба мо вакилони даъвати панҷум шарафи бузург насиб гардид, ки дар тӯли панҷ соли охир намояндаи баэътимоди сокинони шарафманди пойтахтамон бошем. Вакили мардумӣ – намояндаи халқ будан худ шарафи бузург аст, аммо, ба андешаи банда, вакил ва намояндаи сокинони  пойтахти Ватан  будан ифтихори бештар аст. Онҳое, ки дар ин панҷ соли охир вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе буданд, шаъни онро доштанд, ки аз ҳазорон нафар сокинони пойтахтамон дар Маҷлиси вакилони халқ намояндагӣ кунанд. Ҳамин шарафи бузург, ҳамин эътимод ва бовар маҳз насиби онҳо буд. Ҳар яки мо — вакилони Маҷлиси шаҳр то ҷойе тавонистем, ин расолати бузургро бо дарки масъулиятшиносӣ ва муҳаббати  баланди ватандӯстӣ   ба иҷро расонидем.

Шояд на ҳама воқиф аз онанд, ки вакилии Маҷлиси вакилони шаҳр вазифаи ҷамъиятист ва аз вакил бидуни подошу маош муҳаббат, ғайрату ҷасорат ва заҳматҳои ватандӯстона тақозо дорад. Яъне вакилони шаҳр ҳамон ватандӯстоне мебошанд, ки беғаразона аз ҳисоби вақти шахсӣ ва ғайрату фидокорӣ дар хизмати мардуманд.

Барои банда ва вакилони ин даъват даҳчанд ифтихоромез буд, ки ваколати мо маҳз дар ҳамин даврони бузурги бунёдкориву созандагӣ ва сарсабзию шукуфоиҳои пойтахт ва кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҷавони шаҳрамон Рустами Эмомалӣ  сурат гирифт. Дар замони ташаббускориҳои бемисл ва бунёдкориҳои азими бесобиқае, ки  симои пойтахтамонро то дараҷаи ношинохтанӣ дигар кард. Имрӯз мо худ ҳаловат мебарему ифтихор мекунем, ки сокинони ҳамин шаҳри нозанин ҳастем. Душанбеи азизи мо ҳар моҳу ҳар ҳафта, ҳар соату ҳар лаҳза симои худро зеботар месозад  ва ин ҳама эҳёгариҳо бо суръати баланд идома доранд.

Наметавон  нақш ва саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахтамонро таҳти роҳбарии  Раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ, ки дар ин созандагиву ободкориҳо хеле бузург аст, нодида гирифт. Метавон даҳҳо, балки садҳо мисолҳо овард аз бунёди роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои баланди байналмилалӣ, пулҳои мӯҳташаму роҳҳои дуқабатаи замонавӣ то бунёди корхонаҳо, қасру биноҳои боҳашамат, гулгашту боғу хиёбонҳои атрафшону муаттар ва фаввораҳои оби зулол, ки дар гузашта орзуяшон мекардем. Агар  се сол пеш кӯдакону наврасони мо дар маҳалҳои иқоматии худ як гӯшаи фароғативу машғулият надоштанд, имрӯз дар тамоми гӯшаҳо, шаҳраку маҳалҳои пойтахтамон на ин ки як, балки якчандтоӣ варзишгоҳ ва гӯшаҳои фароғати кӯдакону волидайн дар намуди зебою сарсабз бунёд гардидаанд ва ин зуҳуроти нек бо суръат идома дорад.

Бояд гуфт, ки пойтахти ватанамон имрӯз  ба яке аз мусоидтарин арсаҳои зуҳури чорабиниҳои муҳими сиёсиву илмиву фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ  табдил ёфа, дар қабули  меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи баландтарин бо суннатҳои баланди миллии тоҷикӣ эътибор ва мавқеи дурахшон пайдо кардааст. Дар баробари ин одобу фарҳанги шаҳрдории пойтахтамон имрӯз чеҳраи ифтихоромез дорад. Имрӯз симои пойтахт ва давлати азизи моро на фақат чорабиниҳои баланди сиёсию фарҳангӣ ва бунёдкориҳои беназир, балки бо ташаббусҳои Пешвои миллат дурахши  суннату маросим,  ҳунарҳои беназир ва симои зоҳирию маънавии миллии  халқамон низ ҳусн ва маънои баланд бахшидаанд.

Душанбеи азизи мо бо суръати баланд ба сафи шаҳрҳои беҳтарин ва дидании дунё ворид мешавад,  хусусан аз ҷиҳати ободию бунёдкорӣ, сарсабзию шукуфоӣ, тинҷию амонӣ, дастархондорию меҳмоннавозии тоҷикона, то ҷойе, ки ошиқон ва орзумандони дидори шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони азизамон сол то сол дар дунё меафзоянд.

Дар ин  ҳама музаффариятҳо, ободкориву бунёдгариҳо, бидуни шубҳа, саҳми Раиси муҳтарами шаҳр, ки бо ҳама ин ҷавонӣ тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар байни мардум маҳбубияти хосса пайдо кунад, дар дили мардум ҷой ёбад ва сазовори эҳтиром ва бовари сокинони пойтахт гардад, бузург аст. Ин падида  дар  замони мо  кори чандон осон набуд ва наметавонист бидуни заҳмати шабонарӯзӣ ва муҳаббати баланди ватандӯстона ба касе даст диҳад.

Мехоҳам аз маврид истифода бурда, ҳамчун Раиси Комиссияи риояи назорати дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҳамаи вакилони муҳтарами даъвати панҷум барои фаълияти пурсамари панҷсолаашон, барои одоби баланди вакилӣ, ки дар тӯли ин солҳо аз ҷониби онҳо риоя шуд, хусусан барои анҷом, ҳал ва ба иҷро расидани садҳо дархостҳои интихобкунандагон изҳори сипос намоям. Мо, вакилони даъвати панҷум аминем ва бовар дорем, ки вакилони навбатӣ ва ҷавонтаре, ки баъди мо аз ҷониби мардум интихоб мешаванд, таҳти роҳбарии раиси ҷавони шаҳрамон боз ҳам беҳтару ҷоннисоронатар ваколати пурифтихори мардумии худро ба иҷро мерасонанд ва саҳми боризашонро дар пешрафту тараққиёти шаҳрдориамон пуршарафона мегузоранд. Ба онҳо ва ба тамоми идораҳои дахлдори мақомоти иҷроияи давлатии пойтахтамон фаъолияти пурсамар таманно дорам.

Душанбе, ин гулафшонат муборак!
Биҳишти сабзи домонат муборак!

Ҳама ҷо сабз дар сабзу шукуфост,
Гулистон дар гулистонат муборак!

Ҳама нахлу гули дунё ватан ёфт,
Дар ин марзи пурэҳсонат, муборак!

Зи чашми тифлаконат нур борад,
Чароғони дурахшонат муборак!

Дар ин дунёи ноорому бе амн,
Чунин амни фаровонат муборак!

Ба хокат дона резад, ишқ рӯяд,
Сиришти ишқафшонат муборак!

Чу дидам, тахти Рустам нест холӣ,
Фари нав дар Самангонат муборак!

Ҷавонӣ бар сари тахти ту омад,
Фурӯғи нур бар ҷонат муборак!

Диёри сулҳу ишқу дӯстдорӣ,
Дарат боз аст, меҳмонат муборак!

Ба гардун сар кашида тахту тоҷат,
Ливои бахти тобонат муборак!

Иморат дар иморат сар фарозӣ,
Туро дар шона ин шонат муборак!

***

Шаҳри ишқам, шаҳри бахтам, шаҳри армонам, Душанбе,
Бо ту будам, бо ту ҳастам, бо ту мемонам, Душанбе!

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
 вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

P.S. Аз ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии шаҳри Душанбе, ки имрӯз доир гардид, гузориши муфассал пешниҳод мегардад.

Январь 10, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст