Гавҳар Шарофзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун-33 пешбарӣ гардид

Январь 8, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Номзадии Гавҳар Шарофзода ба вакилии Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии  Ҷайҳун №33  дар Конференсияи муштараки ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ пешбарӣ карда шуд.

Конференсияи муштараки ҲХДТ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Дар Конференсия муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Абдулҳамидзода  ва вакилон аз ноҳияҳои Панҷ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои мазкур иштирок доштанд.

Инчунин дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри  Душанбе Эмомалӣ Насриддинзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Фирдавсӣ №1 аз ҷониби вакилон интихоб гардид.

Конференсия бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси ҳавзавии интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 Аъзамқул Эшонқулов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Азизхӯҷа Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода доир гардид.

Дар он мутобиқи рўзнома, масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо дарназардошти маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, яъне пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Матлубахон Сатториён,  муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Орифҷон Умаров ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.

Тариқи  бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбат ба Гулбаҳор Назирӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.

Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ бо иштироки 283 нафар вакилон аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент баргузор гардид.

Дар он пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Айнӣ №22 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Ғиёсиддин Шарифзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Айнӣ №22 аз ҷониби вакилони конференсия пешбарӣ шуд.

Дар ноҳияи Ёвон Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои  Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардид.  Дар кори он  танҳо як масъала- пешбарии номзад ба Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи  “Ёвон-29”  пешниҳод гардид. Баъди овоздиҳии пинҳонӣ Толибхон Азимзода  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Январь 8, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид