Гавҳар Шарофзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун-33 пешбарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Номзадии Гавҳар Шарофзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 дар Конференсияи муштараки ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ пешбарӣ карда шуд.
Конференсияи муштараки ҲХДТ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
Дар Конференсия муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Абдулҳамидзода ва вакилон аз ноҳияҳои Панҷ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои мазкур иштирок доштанд.
Инчунин дар Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе Эмомалӣ Насриддинзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Фирдавсӣ №1 аз ҷониби вакилон интихоб гардид.
Конференсия бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси ҳавзавии интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 Аъзамқул Эшонқулов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Азизхӯҷа Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода доир гардид.
Дар он мутобиқи рўзнома, масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо дарназардошти маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, яъне пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Орифҷон Умаров ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок доштанд.
Тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбат ба Гулбаҳор Назирӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.
Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ бо иштироки 283 нафар вакилон аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Дар он пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Айнӣ №22 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Ғиёсиддин Шарифзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Айнӣ №22 аз ҷониби вакилони конференсия пешбарӣ шуд.
Дар ноҳияи Ёвон Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид. Дар кори он танҳо як масъала- пешбарии номзад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” пешниҳод гардид. Баъди овоздиҳии пинҳонӣ Толибхон Азимзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






