Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» машғулияти дурӯза доир намуд

Январь 30, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази омӯзишии  Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти дурӯза дар мавзӯи  «Нақши марказҳои таълими калонсолон ва марказҳои захиравӣ дар татбиқи баҳодиҳии салоҳият бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати минтақа» барои кормандони марказҳои таълими калонсолон ва марказҳои захиравии лоиҳа баргузор  гардид.

Тавре созмондиҳандагони машғулият  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, омӯзишро  мушовири байналмилалӣ оид ба таҳияи барнома ва маводи таълимӣ Эрденатуяа Ринчин дар якҷоягӣ бо кормандони Гурӯҳи  мазкур гузарониданд.

Машғулияти  мазкур давоми силсила машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Баҳодиҳӣ дар асоси МТАС (методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият)» буда, пас аз анҷоми он иштирокчиён соҳиби сертификат  шуданд.

Бояд зикр  кард, ки МТАС баҳогузории салоҳияти касбии донишҷӯёни литсейҳо ва дигар низоми  таҳсилоти касбӣ-техникиро бо иштироки ҳатмии корфармоён талаб мекунад. 70%-и аъзои комиссияи баҳогузориро бояд корфармоён ташкил диҳанд, зеро маҳз онҳо  беҳтар медонанд, ки донишҷӯ (корҷӯ)  бояд кадом салоҳияти касбӣ- дониш, маҳорат, малака ва муносибат дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби хонум Эрденатуяа Ринчин ва кормандони гурӯҳи идоракунии лоиҳа  23 ва 24 январ низ   машғулияти  ниҳоии омӯзишӣ барои беш аз 25 корфармо  дар мавзӯи «Баҳодиҳӣ дар асоси методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият» баргузор шуд.  Мақсади он  омӯзондани корфармоён ва дигар иштирокчиён оид ба баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият, воҳидҳои баҳодиҳӣ, таҳияи воситаҳо ва нақшаи баҳодиҳӣ мебошад.

Давоми  машғулият  иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, нақша ва воситаҳои баҳодиҳиро барои якчанд касб таҳия намуда, дигар фаъолиятҳо марбут ба баҳодиҳӣ дар асоси МТАС-ро гузаронданд.

«Раванди баҳогузорӣ аз рӯйи МТАС мураккаб буда, хусусиятҳои худро дорад. Масалан, раванди омодагии баҳогузории ниҳоӣ аз аввали соли хониш оғоз ёфта, нақшаи гузаронидани баҳогузории тамоми касбҳо  дар муассисаҳои таълимӣ омода мегардад.  Гузаронидани баҳогузории асосӣ, миёнадаврӣ ва ниҳоӣ ба нақша гирифта  шуда, макони баргузории баҳогузорӣ омода  ва  вазифаю воситаҳои баҳогузорӣ таҳия мегарданд. Ҳамаи инро баҳогузор бояд на танҳо донад, балки гузаронида тавонад. Дар акси ҳол ӯ ҳуқуқи баҳогузорӣ надорад», —  гуфт  роҳбар ва ҳамоҳангсоз оид ба рушди МТАС Мунира Иноятова.

Тамоми нозукиҳои баҳогузорӣ  зимни силсила машғулиятҳо  омӯзонда шуда, дар интиҳо ба иштирокчиён сертификатҳо супурда шуданд.  Акнун  корфармоёне, ки аз омӯзиш гузаштаанд,  метавонанд дар баҳогузории кадрҳои коргарӣ  иштирок намоянд.

Бояд тазаккур дод,  ки дар доираи Лоиҳа стандартҳои салоҳияти 17 касби коргарӣ таҳия гашта,  пурра аз экспертизаи корфармоён ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ гузаронида шудаанд. Айни замон ҷараёни тарҷумаи 17 стандарти салоҳият ба забони давлатӣ оғоз гардида, пас аз анҷом онҳо  ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ  мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳа  ворид  намудани навоварӣ  дар методологияи тайёр намудани мутахассисони барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин,  лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва   марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита  омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.

Амалигардонии Лоиҳаро  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба уҳда дошта,  дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

Январь 30, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд