Хирпичор, Ардон, Гараваш… Сада дар Бадахшон номҳои гуногун, аммо ҳадафи ягона дорад

Январь 30, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҳамоиши навбатии илмиро ба Сада бахшиданд. Ин ҷашни бостониро дар ҳар як ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шеваю наҳваи хос ва урфу одатҳои гуногун истиқбол мегиранд. Дар ноҳияи Шуғнон ин ҷашнро Хирпичор, дар ноҳияи Рӯшон Ардон, дар водии Язгулом Гараваш ва дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз Сада мегӯянд.

Ректори донишгоҳи мазкур Шермамад Ҷонмаҳмадов гуфт, ки дар эҳё ва тавсеаи ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик Пешвои миллат нақши арзишманд доранд. Маҳз бо дастур ва роҳнамоии Пешвои миллат олимону донишмандони тоҷик ба омӯзиши бисёр паҳлуҳои норавшани ин ид, аҳамияти он дар тарбияи ахлоқию маънавии насли имрӯзу оянда, омилҳои хештаншиносию худоогоҳии ин ҷашн пардохтанд, онро мавриди таҳқиқ қарор дода, бисёр мақолаву асарҳои илмӣ ба нашр расониданд.

Номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков гуфт, ки “бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бисёр ҷашну маросими миллии халқи тоҷик, ки дорои ҳикмату фалсафаи бою рангин ва ҷанбаи ахлоқию маърифатӣ  мебошанд, дубора эҳё гардиданд. Сада яке аз чунин ҷашнҳои қадимӣ  буда, дар асри бист комилан ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуд. Дар баъзе аз деҳоти дурдасти  Кӯҳистони Бадахшон куҳансолон онро пинҳонӣ истиқбол мегирифтанд. Онҳо дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман, ки мутобиқи тақвими григорианӣ ба якуми феврал рост меояд, растаниҳои хушбӯйро болои лахчаи оташ мегузоштанд, ки хонаро бӯи муаттар ва форам фаро мегирифт. Кадбонуҳои хона таомҳои қадимиро аз гандуму зироати лӯбиёгӣ ва ширу гиёҳҳои шифобахш омода мекарданд. Дар ин рӯз тайёр кардани таом аз гӯшти ҳайвонот  қатъиян манъ аст”.

Ба гуфтаи Аловиддин Шоинбеков, пас аз ин хурду бузурги деҳа дар саҳро гулхан афрӯхта, бо мақсади пок кардани гуноҳҳои худ аз болои он мепариданд. Зеро ба ақидаи онҳо оташ ҳамаи неруҳои аҳриманиро аз деҳа ронда, рӯҳи инсонҳоро ҳам пок месозад. Ва маҳз аз ҳамин рӯз деҳқонон ба маъракаи кишту кори баҳорӣ омодагиро шурӯъ мекунанд. Ба замин пору мепошанд, то барф зудтар об шаваду замин ғизо гирад.

Номзади илмҳои таърих Элбон Ҳоҷибеков гуфт, ки “деҳқонони минтақаҳои кӯҳистон тақвими хоси худро доштанд, ки то ҳанӯз ҳам аз он истифода мебаранд. Чил рӯзи чилаи зимистон барои деҳқонон аҳамияте надорад ва онҳо ин рӯзҳоро ба тақвим ворид накардаанд. Мутобиқи ин тақвим, чилаи зимистон аз 20 декабр оғоз ёфта, 1 феврал ба поён мерасад.Тақвими мазкур дар асоси бадани инсон, яъне аз нохуни пой то тори мӯй ва ҳамчунин ҳаракати офтоб таҳия шудааст. Чун шуъои офтоб ба нохуни по мерасад, деҳқонон ба шумурдани рӯзҳо шурӯъ мекунанд. Барои ҳар як узви инсон се рӯз ҷудо шудааст ва чун шуълаи офтоб ба дили инсон мерасад, Наврӯзи оламафрӯз фаро мерасад”.

Устодону донишҷӯён тасмим гирифтанд, ки 1 феврал дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷашни Садаро бо тамоми расму суннатҳояш истиқбол гиранд.

Январь 30, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат