ХУШКМЕВАИ ТОҶИКИСТОН – ДАР БОЗОРИ АМРИКО! Онро корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан» содирот менамояд

Январь 13, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара  тасмим гирифтааст, ки дар соли 2020 намудҳои гуногуни хушкмева, афшураҳои  зардолу, олу, шафтолу ва помидорро, ки бо сифати баланд бастубанд шудаанд, дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот намояд. Маҳсулоти ин ширкати Тоҷикистонро инчунин дар соли 2020 харидорон аз кишварҳои Туркия, Литва ва Қазоқистон дархост кардаанд.

Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан», ки соли 2013   таъсис дода шудааст,   узви  Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан» маҳсулоти худро бо бренди «Ширин» истеҳсол менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҶДММ «Субҳи Ватан» маҳсулоти худро асосан то соли 2019 ба Россия ва Қазоқистон содирот менамуд. Дар асоси дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорони ватанӣ ва содироткунандагон, роҳбарияти ҶДММ «Субҳи Ватан» фаъолияташро тақвият дода, дар соли 2019 намудҳои гуногуни себи хушккардашударо ба Олмон содирот намуд,  инчунин бори аввал маҳсулотҳои ин корхона ба монанди анзур, ғураоб ва барги ток ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ содирот карда шуд. Соли гузашта аз ҷониби ин ширкат ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо — 60 тонна ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — 22 тонна маҳсулот содирот гардидааст.

Роҳбарияти корхонаи «Субҳи Ватан» тасмим дорад, ки дар соли 2020 иқтидори  истеҳсолии корхонаро дар як сол ба панҷ миллион қуттии шартӣ расонад.

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза зикр гардида буд, тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар  ин росто, дар асоси дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати афзун намудани содироти молу маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади рушди содирот ва бемонеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад.

 

Январь 13, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд