Идораҳои геологияи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сабабҳои пайдоиш ва ташаккули ярчҳоро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ муайян менамоянд

Январь 29, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 29.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ омӯзиш ва тадқиқоти муштараки илмии ҳодисаҳои хавфноки экзогенӣ, аз ҷумла муайян намудани сабабҳои пайдоиш ва ташаккули ярчҳоро ба роҳ мемонанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои геологӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд.

Ба маълумоти номбурда,  барои тадқиқоти саҳроӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби  мутахассисони соҳавӣ ва дорои ихтисоси баланд ташкил карда шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.

«Соли 2019 дар доираи созишномаи мазкур ду вохӯрии роҳбарияти мақомоти геологияи ҳарду давлат  дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд доир карда шуд. Дар ҷаласаҳо тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти  таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёсҳои 1:500 000 ва ё 1:200 000 дорои мазмуни геологии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси ГИС – технология, ки майдонҳои маъдании аз ҳудуди ҷумҳуриҳо гузарандаро фарогиранд (майдони маъдании Шинг-Моғиён), мубодилаи иттилоот, омӯзиш ва тадқиқоти муштараки илмии ҳодисаҳои хавфноки экзогенӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монанд»,-илова кард Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Зикр гардид, ки дар нақшаҳои корӣ, пеш аз ҳама, рақамикунонии харитаҳои геологии ҳудудҳои наздисарҳадӣ, ки мутахассисони тоҷик дар ин самт таҷрибаи калон доранд ва  солҳои зиёд дар ин ҷода кор мекунанд, ҷой дода шудааст. Инчунин тибқи нақша вобаста ба таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёсҳои 1:500 000 ва ё 1:200 000 ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бо дарназардошти ҳолати стратиграфӣ, магматикӣ, тектоникӣ, металлогенӣ ва тадқиқоти геофизикӣ дар асоси технологияҳои ГИС, мубодилаи таҷриба оид ба омӯзиши минтақаҳои маъданӣ, гиреҳҳо ва майдонҳои қаторкӯҳи Туркистон дар мисоли конҳои тиллои Учкол ва Каттасой (Тоҷикистон) ва зуҳуроти Ойбодом (Ӯзбекистон) корҳои муштарак гузаронида, мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои муштараки илмӣ -тадқиқотӣ дар соҳаи геология дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба имзо расид.

Январь 29, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея дар самти рушди ҳамкории техникӣ созишнома ба имзо расониданд
Дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор шуд
Дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Korea Eximbank густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад