Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Саридораи геология: «Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд»

Январь 29, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар 20 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умқи 4-5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Тибқи маълумоти иктишофи геологӣ, дар конҳои Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиону 621 ҳазор тонна нафт ва тақрибан 3 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст»,- гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги нафту газ мебошад. Тавре дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, соли 2019 корхонаҳои нафту газ истеҳсолкунанда дар маҷмӯъ  23 293,3 тонна нафт истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2018 645,7 тонна кам буда, суръати афзоиш 97,3 %-ро ташкил додааст.

Истихроҷи гази табиӣ  730 ҳазор метри мукаабро ташкил дод, ки  ин нисбат ба соли 2018  180 ҳазор метри мукааб  кам буда, суръати афзоиш 80,2 %-ро ташкил дод.

Дар нишаст инчунин зикр гардид, ки соли 2019 аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 7 ширкат 16 иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин бо мақсади омӯзиши геологӣ дода шуд. Аз ҷумла, ширкати «ТВЕА», «Саноати кӯҳии Душанбе» дар минтақаи «Кумарги боло»-и ноҳияи Айнӣ, ҶДММ «Апрелевка» дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ барои истихроҷи тилло, оҳан ва дигар унсурҳои кимиёвӣ соҳиби иҷозатнома гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои корҳои иктишофӣ ба маблағи 10 455 000,0 сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора соли 2019 ҳамагӣ  22 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ ва 30 ҳисоботи геологӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 44 мавод қарор доштанд, ки нисбат ба соли гузашта 14 мавод зиёд мебошад.

Дар натиҷаи корҳои гузаронидашуда захираҳо бо категорияҳои гуногун ҳисоб шуда, тарози давлат аз ҳисоби тилло, ангишт,  регу шағал, хок, охаксанг, ашёи сементӣ, газ ва нафт ғанӣ гардид.

Фонди иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ корҳои тартиб додани маълумотномаҳои геологӣ ба дархости 76 ҷамъият ва ширкат, қабули ҳисоботи омории шаклҳои 5-кк ва 6-кк аз ҷониби корхонаҳо -245 адад дар ҳолати 1 январи соли 2018 тартиб додани тавозунҳои давлатии захираҳои 28 намуди канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули ҳисоботи геологии воридшуда -28, ба қайд гирифтани лоиҳаҳои омӯзиши геологӣ -22, бақайдгирии иҷозатномаҳои корхонаҳои истихроҷкунанда-104, бақайдгирии маводи воридотӣ  35 протокол ва пешниҳоди рӯйхати лоиҳаҳою ҳисоботҳо ба иҷро расонида шудааст.

Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ» дар 883 деҳа, шаҳрак, мавзеъ ва кӯчаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шуд. Дар натиҷаи тадқиқоти муҳандисӣ–геологии гузаронида шуда, ба 381 хоҷагӣ пешниҳод барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонидан тавсия дода шуд.

Январь 29, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Дар Душанбе рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ гардид
Аҳамияти муҳими «CASA -1000» дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
«Амонатбонк» ҳамкориро бо Бонки кишоварзии Чин тақвият медиҳад
Ҳаракати қатораи мустақими мусофирбар дар масири Душанбе — Москва барқарор карда шуд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
Барои ҳаракати нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои мошингард маҳдудият ҷорӣ гардид
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардид
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Чилдухтарон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Дар Бохтар масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ шуд