Имрӯз дар Душанбе ҷаласа оид ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2019 баргузор гардид

Январь 10, 2020 17:16

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Cоли 2019  дар пойтахт 62 адад корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар маҷмӯъ 31 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфтанд. Ин нукта имрӯз  дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа сараввал Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, ободонию созандагӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет ҳисобот дод.

Раиси шаҳр, аз ҷумла иброз дошт, ки соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 15,1 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта  7,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,6 фоизро ташкил дод.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 121,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 118 фоиз, гардиши савдо 108,3 фоиз, мусофиркашонӣ 114,3 фоиз ва боркашонӣ 104,6 фоиз таъмин шудааст.

Рустами Эмомалӣ  таъкид намуд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ   22 фоиз афзоиш ёфта, ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шавад.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 62 адад  корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда  дар маҷмӯъ 31 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфт.

Аз ҷумла,   соли  2019  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма»,  коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби ҶДММ «Зиркон», истеҳсоли мебел аз ҷониби  ҶДММ  «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ аз ҷониби ҶСК «Равшан», истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби ҶСП «Заводи асфалту бетон» ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар пойтахт  барои бунёди 5 адад корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолинҳо, таҷҳизоти барқӣ ва қубурҳои шишапластикӣ санги асос гузошта шуд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки  шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор  дар давраи ҳисоботӣ ба 42542 (чилу ду ҳазору панҷсаду чилу ду) адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз ё 1655 адад зиёд мебошад.

Сипас   муовини якум ва муовинони Раис шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар соли сипаригардида ҳисобот доданд.

Зимни пешниҳоди ҳисобот зикр гардид,  ки Нақшаи иҷрои буҷети умумии шахри Душанбе соли 2019 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақшаи соли гузашта  зиёд мебошад.

Инчунин  иттилоъ дода шуд, ки  ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр соли 2019 дар маҷмӯъ дар 38 километр роҳҳои мошингард корҳои сохтмонӣ, навсозӣ ва таъмири асосӣ, аз ҷумла тариқи эҳсонкорӣ 22 километр роҳҳо ба анҷом расонида шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз нуқсону камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд дар кӯтоҳтарин  муҳлат  ислоҳ ва роҳҳои ҳалли онҳо дарёфт  карда шаванд.

Рустами Эмомалӣ  ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори пойтахт дастур дод, ки бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро такмил дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ, инчунин   назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин забонҳои русиву англисӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ роҳандозӣ намоянд.

Раиси шаҳр ҳамчунин  фаъолияти сохторҳои соҳаи тандурустии шаҳр, таъмини хизматрасониҳои босифат, назорати ҳолати санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолиро  аз масъалаҳои мубрами шаҳр  дониста,  ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта  супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси шаҳр масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки бобати баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ   тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт  аз мавзуоти дигаре буд, ки  дар ҷаласа  ба таври амиқ мавриди  таҳлилу баррасӣ  қарор гирифт.

Дар ин робита, ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки    дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани  шаҳри Душанбе ва ба макони писандидаи сайёҳон табдил додани он  фаъолиятро дар самти рушди инфрасохтори соҳа тақвият бахшида, таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии  шаҳрро ро ҷоннок намоянд.

Дар самти беҳбуд бахшидан ба фаъолияти соҳаи нақлиёт масъулини соҳа муваззаф гардиданд, ки сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро баланд бардошта, ҷиҳати пешгирии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ҳолатҳои танбашавӣ, берун аз хатсайрҳои муайяншуда баромадани воситаҳои нақлиёт, истифодаи дурусти кортҳои пардохти электронӣ ва риояи қоидаҳои ҳаракати автомобилҳои боркаши сохтмонӣ дар ҳудуди шаҳр тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Зикр гардид,  ки  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар пойтахт 2130 иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардид ва  ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои давраи зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 ҷиҳати таъмини боз 200 адад бинову иншооти иловагӣ бо энергияи гармӣ корҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

Соли сипаришуда дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ дар шаҳри Душанбе 1899 чорабинӣ, аз ҷумла рангу бори 922 адад биноҳо ва  навсозии 237 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 103 фоизи иҷрои  нақшаи соли сипаришударо ташкил медиҳад.

Дар ин робита, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори пойтахт вазифадор гардиданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи меъморию  шаҳрсозӣ мутобиқ бунёд гардидани иншооти бунёдшавандаи шаҳр таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръат ҷиҳати солимгардонии корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди маънавиёт ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳанги миллию умумибашарӣ ва пешгирии фарҳанги бегона, таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини пардохти пурраи андозҳо, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави андоз, таъмини сифатноки аҳолӣ бо неруи барқу гармӣ, оби нӯшокӣ, пешгирии талафоти барзиёди он, насби ҳисобченкунакҳои муосир ва ҷамъоварии маблағи истифодаи онҳо бо ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таблиғу ташвиқи одоби  шаҳрнишинӣ миёни сокинон, барориши саривақтии партовҳо, захираи кофии маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар масоили муҳим диққати ҷиддӣ дода, дар назди масъулини соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт вазифадор гардиданд, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва амният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Раиси шаҳр масъулин, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро муваззаф сохт, ки бо дарназардошти дар соли 2020 баргузории як зумра чорабиниҳо, махсусан маъракаи сиёсии  интихоботӣ бо инобати талаботи чорабинӣ шароити мусоиди маъракаи сиёсиро таъмин карда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Дар ин робита     корҳои ободониву созандагиро вусъати тоза бахшанд ва дар муаррифии арзандаи пойтахт чун оинаи давлат нақши арзанда гузоранд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2019 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

Январь 10, 2020 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд