«Корҳо дар НБО «Себзор» ба маблағи умумии 1,7 млн. доллар иҷро шуданд»,-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Январь 27, 2020 17:30

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар маҷмӯъ ба маблағи 50,7 млн. доллари америкоӣ созишномаҳои молиявӣ ба имзо расонида шуда, ба маблағи умумии 1,7 млн. доллар корҳо иҷро карда шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд.

«Дар айни замон ҷиҳати ба низоми энергетикии ВМКБ пайваст намудани неругоҳи мазкур чорабиниҳои озмунӣ дар самти бунёди хати интиқоли барқи 110кВ “Себзор – Хоруғ” ва корҳо бо шарикони рушд вобаста ба “Бунёди хати интиқоли барқи 110кВ Хоруғ – Қозидеҳ”, ки барои ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир намудани неруи барқи дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” истеҳсолшаванда нигаронида шудаанд, идома доранд»,-илова намуд Вазир.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2015 дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии НБО «Себзор» оғоз бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва  паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ Неругоҳи барқии обии  «Себзор» бунёд мешавад. Баъди ба кор даровардани неругоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад.

Лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт бо истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Себзор — Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Январь 27, 2020 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд