Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: бар асари заминларза дар Сангвор хисороти молию ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 30.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 29 январ, соати 14:39 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар Душанбе қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 2-3 баллро ташкил дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, маркази заминларза дар километри 160-уми самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Сангвор ҷойгир буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе ба 2-3 балл расид.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асари ин заминларза дар қаламрави ҷумҳурӣ, бахусус дар маркази он хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






