Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд

Январь 29, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар шаҳри Берлин таҳти унвони «Осиёи Марказии сабз« Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 28 январ дар Берлин дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан сурат гирифт.

Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 29, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд