Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан ва дар болои дарёи Панҷ кӯпруки ҳафтум бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол амалишавии лоиҳаҳои «Сохтмони роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон, қитъаи километри 72-158», «Қалъаихум – Ванҷ -Ҳулбук- Темурмалик», «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар» ва бунёди кӯпруки ҳафтуми болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард дар назар аст. Инчунин соли равон корбарӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла «Таҷдиди роҳи мошингарди Бохтар-Данғара-Гулистон ва Гулистон-Кӯлоб», сохтмони кӯпрук аз болои дарёи Ғунд, барқарорсозии қитъаҳои роҳ дар мавзеи Барсем, Бекобод Спитамен ва Деҳмой-Б.Ғафуров идома меёбанд.
Дар ин бора имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Худоёр Худоёрзода дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи кай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани эстакадаи 3-сатҳа дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе иброз дошт, ки сохтмони дуюмин эстакадаи 3-сатҳа дар пойтахт дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, он моҳи марти соли равон ба истифода мешавад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки кӯпруки нав дар болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул-Ойхонум сохта шуда, дарозии пул 297 метр, паҳноии он 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна, дарозии роҳи мошингарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо тақрибан 9,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Таъкид шуд, ки мақсад аз бунёди пул ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин кушодани масири нави нақлиётӣ мебошад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ин раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Масъулин инчунин хабар доданд, ки дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид. Тибқи санади мазкур, дар оянда миёни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад.
Санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад






