ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

Январь 31, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 31.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои кўҳии ҷумҳурӣ фаромадани зуҳуроти тарма пешгўӣ мешавад. Дар ағбаҳо яхбандӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона   аз 7-12 то 14-19 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 12-17 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағийрёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук  то 1  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Январь 31, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд