ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Январь 27, 2020 08:05

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 Имрӯз дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ боришоти сусти борону барф ба амал омада, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 24-29 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 10-15 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида бориши борону барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 дараҷа, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар охири рӯз дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Январь 27, 2020 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид