ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад

Январь 13, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 13.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар ҷумҳурӣ якуякбора ҳаво ноустувор шуда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барфи бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  аз 4-9 ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  аз 12-17 то 20-25  ва рӯзона аз 3-8 то 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, барф меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва   рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок дар назар буда, борон ва барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо боришот шиддат гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо барф бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва  рӯзона 1-6 хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво абрнок шуда барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Январь 13, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад