«Қонуният ва низом дар идораи давлатӣ».Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Данғара форум баргузор мегардад

Январь 22, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 марти соли  равон  бо ташаббуси факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии  Донишгоҳи давлатии Данғара ба поси хотири аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев таҳти унвони  «Қонуният ва низом дар идораи давлатӣ» Форуми илмии донишгоҳӣ доир мегардад.

Дар ин бора  масъули баргузории форуми мазкур  Шарифхӯҷа Ҳасанов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Номбурда  таъкид намуд, ки форуми мазкур ба се бахши асосӣ ҷудо шудааст:

1. Роҳу воситаҳои таҳкими қонуният ва интизом дар идораи давлатӣ;

2. Самтҳои такмили низоми миллии ҳифзи ҳуқуқ;

3. Зуҳури терроризм ва ифротгароӣ – таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа.

Ба иттилои манбаъ, маърӯзачиён метавонанд вобаста ба қисматҳои он мақолаҳои худро манзур намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки забони кории форум тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, маводи он  дар шакли маҷмӯаи  илмӣ ба чоп мерасад.

Иштирокчиёни форум фишурдаи маърӯзаҳо ва дархостҳоро  бояд то 5  марти соли 2020 ирсол намоянд.

Маводро метавон ба суроғаи 735320, Донишгоҳи давлатии Данғара, кӯчаи марказӣ 25, кафедраи Идораи давлатӣ ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ирсол намуд.

Телефонҳо барои маълумот: 919137389, 918617980, 918258989, 907442999, +992901706070.

 

Январь 22, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид