Плей-оффи Лигаи чемпионҳои АФК-2020: имрӯз «Ал-Аҳлӣ» бо «Истиқлол» бозӣ мекунад

Январь 28, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 январ дар Ҷидда бозии даври плей—оффи марҳилаи интихобии Лигаи чемпионҳои АФК-2020 миёни дастаҳои «Ал—Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ)  ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дар нишасти матбуотии қабл аз бозии «Истиқлол» ва «Ал-Аҳлӣ» маҷлис баргузор карда шуд, ки дар он намояндаҳои дастаҳо иштирок карда, аз омода будани худ ба бозӣ хабар доданд. Ҳамчунин дастаҳо муайян карданд, ки пагоҳ бо кадом пероҳанҳояшон бозӣ мекунанд. Ҳамин тавр муайян карда шуд, ки «Истиқлол» бо пероҳани сурх ва «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ бо пероҳани сафед бозӣ мекунанд.

Бозии дастаҳо 28 январ, соати 22:30 ба вақти Тоҷикистон оғоз мегардад.

Акс аз сомонаи дастаи «Истиқлол»

Январь 28, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд