Профессор Абдураҳмон Муҳаммад: «Паёми навбатӣ ҳуҷҷати таҳлилию стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд»

Январь 8, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 08.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 ҳуҷҷати таҳлилию стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар замони  соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу  баррасӣ қарор ёфтаанд. Дар Паём  бо  диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда маводи  пурмуҳтавои  таҳқиқӣ оид ба таҳлили вазъи иқтисодии мамлакат, ҳаёти ҷомеа ва самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст,-чунин иброз намуд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ноиби Президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД бо бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар зер андешаҳои пурраи олими сиёсатшиносро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии давлатро  ба  назар гирифта, зикр менамоянд, ки «мо саноатикунонии босуръатро  ҳамчун  ҳадафи чоруми  стратегии ҷумҳурӣ қабул кардаем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани  устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ,  баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат  ва рақобатнокии он замина мегузорад».

Мавриди зикр аст, ки ба кор даромадани  ду агрегати  НБО-и Роғун дар замони соҳибистиқлолӣ  дастоварди бузурге дар роҳи саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон таҷдиди  неругоҳҳои  барқии обии «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд», оғози  бунёди  НБО  «Себзор»-   ҳамаи ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  сармоягузорӣ карда мешавад. Дар баробари ин, иқдому ташаббусҳои  зиёди   созандагию бунёдкории  шаҳрвандони давлатамон  ба хотири пешрафти  минбаъдаи ҷумҳуриамон қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд, ки  Пешвои миллат  ба онҳо аҳсану офарин хонда,  миннатдорӣ  баён намуданд.

Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паёми навбатӣ оварда шудаанд,  суръати рушди иҷтимоию  иқтисодӣ ва   талошҳои Ҳукумати мамлакатро   дар панҷ  соли охир  ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим нишон медиҳад, ки бо татбиқи онҳо   корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд. Ин навгониҳо  дар замири ҳар як  шаҳрванди  ҷумҳурӣ  ҳисси баланди ифтихору масъулиятро ҷой медиҳанд.

Президенти  мамлакат  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи  шаҳрвандони  ҷумҳуриро ба  роҳҳои  истифодаи  самараноку сарфакорона доштан нисбат ба  захираҳои обии  мамлакат ва  паёмадҳои  тағйирёбии иқлим ва дигар  масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир ҷалб намуда, ба олимони Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  иҷрои  корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ супоришҳои мушаххас доданд. Махсусан пешниҳодҳои  Президенти мамлакат  барои ҳамкорӣ бо олимони  кишварҳои дигар дар  масъалаи   таҳқиқоти  илмӣ,  оид ба тағйирёбии иқлим, шарҳу баёни  аҳамияти ташаббусҳои  Тоҷикистон дар  соҳаи об, ҳолати кунунии  пиряхҳо  саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошанд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат   барои пешрафти  илму маориф зарурати баланд бардоштани сифати таълим, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг,  татбиқи сиёсати  ҷавонон, занон, оила, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакатро  таъкид намуда,  ҳидояту дастурҳои муфиде  пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон  ба соҳаи илму маориф афзалияти  аввалиндараҷа дода шуда,  ба  роҳбарону  кормандони соҳаи  маориф  дастур дода шуд, ки  дар баробари дастгириҳои давлат  сатҳу сифати таълиму тарбия  дар ҳамаи зинаҳои таълим бояд  боло  бардошта шавад. Вобаста ба ин  пешниҳод намуданд, ки «ба хотири  боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани  омӯзиши илмҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас  солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.

Дарвоқеъ,  ин пешниҳод  барои рушду нумӯи  ояндаи  мамлакатамон  моҳияти  калидӣ дошта, таваҷчуҳи  на танҳо  олимони соҳаҳои  гуногуни  илмҳои  табиӣ ва риёзиро ба худ  ҷалб намуд, балки ин иқдом  минбаъд барои  пешрафти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва  саноатикунонии босуръат заминаи бузурге  гузошта метавонад.

Имрўз масъалаи омўзишу салоҳиятнокии  илмҳои  табиию риёзӣ,  дарвоқеъ, дар ҷумҳурии мо ниёз ба  беҳбудӣ  дорад. Норасоии  муаллимони  фанҳои физика, математика, химия,  биология ва  мутахассиси касбӣ  набудани  қисме аз онҳо  ҳолати таълими  ин фанҳоро  хеле ногувор намудааст. Маълум аст, ки дар  ҷумҳурӣ  танҳо ду ё се мактаби хусусию ғайрихусусиеро эҳтимол  дарёфт кардан мумкин  шавад, ки дар онҳо  омўзиши фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дуруст ба роҳ монда шуда бошад. Ин иқдоми Ҷаноби Олӣ барои  рушди илмҳои  зикрёфта  натиҷаи  таҳлилу таҷрибаи  бисёрсолаест, ки сабаби баланд бардоштани донишҳои бунёдӣ  ва дастгирии соҳаи мазкур   мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки чунин  иқдом  вазифадор  менамояд, ки дар баробари  иҷрои бевоситаи  он таълиму  тарбияи  илмҳои гуманитариро  низ равнақу ривоҷ  диҳем. Таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ҳаргиз  маънои онро надорад, ки  мо  дигар аз  таълиму таҳқиқи  илмҳои  гуманитарию  ҷомеашиносӣ  худро дар канор монем. Зеро   бе донистани илмҳои   номбурда  на танҳо  ҷомеа, балки  соҳаҳои илмҳои  табиӣ, дақиқ ва  риёзӣ низ  наметавонанд ташаккулу рушд намоянд. Масалан,  фалсафа барои  ҳамаи илмҳои дигар  хусусияти  методологӣ ва ба роҳу равиши илмӣ мутобиқ намудани дигар илмҳоро дорад. Илмҳои гуманитарию  ҷомеашиносӣ, пеш аз ҳама, инсон, ҷаҳонбинӣ ва қувваҳои истеҳсолкунандаро  тарбият мекунанд. Бидуни  донистани онҳо  дар ҳеҷ давру замон на кашфиёти илмӣ ва на эҷодкории дақиқ  ба амал наомадааст. Ҳатто  дар раванди кашфи  яроқи ядроӣ  кумаки  асарҳои мусиқии  бузургони ғарбиро  борҳо зикр намудаанд.

Дар ин самт, ба андешаи мо, тақвият бахшидани ҳамкории  мутахассисони  соҳаҳои  мухталифи илм   бо олимони соҳаҳои табиию риёзӣ, муҳайё намудани шароити  нави мактабҳои  махсуси  фаннӣ, бунёди шумораи зиёди  лабораторияҳои илмӣ –таҳқиқотӣ ва бо таҷҳизоти  замонавӣ  таъмин кардани онҳо аз ҳадафҳои афзалиятноки минбаъдаи давлат ва  олимону  муҳаққиқон  бояд  арзёбӣ гардад.

Президенти мамлакат  Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар  вазорату идораҳои ҷумҳуриро, ки  дар сохторашон  муассисаҳои таълимӣ доранд, муваззаф  намуданд, ки  оид ба  ин масъала «Нақшаи чорабиниҳоро ба Ҳукумати  Тоҷикистон дар  муддати се моҳ пешниҳод намоянд». Ҳамзамон таъкиду пешниҳод намуданд, ки   «ҳамасола олимпиадаҳои  ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ  ва ноҳиявиро  оид ба илмҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои  таҳсилот баргузор  намуда, ғолибони озмунҳо  аз ҷониби  вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоятҳо  ва шаҳру ноҳияҳо  аз лиҳози моддиву маънавӣ  қадрдонӣ  ва ҳавасманд  гардонида шаванд».

Дарвоқеъ, таваҷҷуҳи  Пешвои миллат  нисбат ба илму маърифат ва  ҳавасмандгардонии   ин соҳа   бесабаб нест.  Зеро ки имрўз таъсири  омилҳои гуногуни замони  ҷаҳонишавӣ  моро  вазифадор менамояд, ки  зиракии сиёсиро  аз даст надода, рў ба  мактабу маориф  ва аз худ намудани донишҳои  муосир оварем.

Озмуни  «Фурўғи субҳи  доноӣ…», ки бо ибтикори  Ҷаноби Олӣ баргузор гардид ва  боз  идома меёбад, василаи бедории миллӣ ва омили  ҳувиятсозест, ки ба зеҳну тафаккури шаҳрвандони мамлакат такони  ҷиддӣ дода, дар раванди давлатдории миллӣ нақши муассир  мегузорад. Ин нигоҳе ба асли хеш, ба фарҳангу тамаддун ва  кашфиёту эҷодкории  гузаштагони  миллат мебошад, ки  барои  аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ на танҳо иқдоми нек, балки пешниҳоду кашфиёти амалие ба шумор меравад ва бешубҳа, мояи дастгирӣ  ва  эҳтирому эътироф  мебошад.

Дар баробари  ин, дар  Паёми навбатии хеш  Президенти мамлакат ба масъалаи  «шинохти дурусти таърих, тарғиби  мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ»   диққати ҷиддӣ дода, таъкид менамоянд: «Таърихи пурифтихори  халқи тоҷик мактаби  бузурги  худшиносӣ мебошад» ва ташвиқу  тарғиби  онро  ҳамчун  асоси  идеяи  ватандўстиву садоқат ба Ватан бояд  роҳандозӣ намоем. Бо  ин   мақсад    шоҳасари  аллома  Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»  то  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд  аз номи  Президенти мамлакат ба ҳар як хонадони  тоҷик ҳамчун  туҳфа  манзур карда шавад.

Инчунин пешниҳоди  дигари Ҷаноби Олӣ, ки ба рушду инкишофи   илмҳои ҷомеашиносӣ  таъсири  бевосита  мерасонад, ин  созмон  додани   Озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад, ки бояд ҳар сол  баргузор  гардад. Ин чорабинӣ озмуни боварӣ  ба  иродаю шуҷоатманд будан  барои пойдории Тоҷикистони азиз  мебошад, ки намунаи он  муносибати мову шумо  ба ин сарзамини биҳиштосо буда, дар тарбияи  миллӣ ва  ҳифзи   истиқлолияти сиёсӣ  мақоми  хос пайдо менамояд.   

Ба андешаи мо, Паёми  навбатии  Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  паёми  рамзкушои маънии арзишҳои миллӣ ва таҳлилу  баррасии дастовардҳои соли сипаришуда мебошад, ки    муҳимияту арзиши  он  ҳамчун  дурнамои стратегияи давлатӣ  бояд барои  устувор  намудани  пояҳои  давлатдорӣ аз ҷониби  олимону  муҳаққиқони АИ ҶТ ташвиқу тарғиб  карда  шавад. Дигар масъалаҳои консептуалие, ки дар Паёми навбатӣ  шарҳу баён  ёфтаанд,    асоси пешравӣ ва фаъолияти минбаъдаи   шаҳрвандони мамлакатро   муайян менамоянд, ки онҳо  то  ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бояд дар амал татбиқ  карда шаванд.

Хулоса, андешаву пешниҳодоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатӣ  ҳамчун  Барномаи миёнамуҳлати  рушди  Тоҷикистон ва дурнамои мақсаднок барои  некўаҳволии миллату давлат аст. Зарурати амалисозии  он барои  рушду нумўи  мамлакат ва  ҳувиятсозӣ    талаботи  давру  замон  буда, дар муносибат нисбат ба давлат  ва сохторҳои мавҷудаи он  садоқати  шаҳрвандонро  афзуда, барои беҳбуд бахшидан  ба  манфиатҳои  ҳаётан муҳими  мамлакат  ва афзалиятнокии   рушди илму маориф равона  карда  шудаанд.

 

Январь 8, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»