Пуштибонӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат. Театри опера ва балет ба Мактаб-интернати ятимони ноҳияи Ёвон кумак расонд
ДУШАНБЕ, 16.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масълаи вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд: «Ҳукумати Тоҷикистон масълаи вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд». Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат аз ҷониби Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон кумаки моддӣ расонида шуд.
Тавре аз Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҷониби ҳунармандони театр ба 177 нафар таълимгирандаи ин муассисаи иҷтимоӣ маводи хӯрока, аз ҷумла орд, равған, шакар, макарон ва дигар маҳсулот дастрас карда шуд.
«Тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки воқеан ба кумаку дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз ин таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба онҳо ва ғамхории доимии Президенти мамлакат нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ хушҳол гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони хайрхоҳу саховатманд, хусусан ба аҳли эҷоди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, ки ба онҳо мунтазам кумак мерасонад арзи сипос карданд», — илова намуд манбаъ.
Масъулини театр дар суҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ зикр карданд, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Роҳбари давлат дар ҳамаи паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карда, масъулини мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони дороро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят менамоянд.
Пас аз тақдими туҳфаҳо ба хотири болидарӯҳии тарбиятгирандагон аз ҷониби аҳли эҷоди театр барномаи хуби фарҳангӣ манзур гардид, ки боиси фараҳу шодии онҳо шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






