Ректори ДТТ Ҳайдар Одиназода: «Барои баланд бардоштани сифати дониш миёни донишҷӯён усули машғулиятгузарониро дар мактабҳо бояд тағйир дод»
ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Омӯхтани илмҳои дақиқ аз мактаби миёна оғоз ёфта, дар донишгоҳҳо идома меёбад. Барои баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён зарур аст, ки дар мактабҳо тарзи машғулиятгузарониро тағйир дода, вақти машқҳои амалӣ зиёд гардонида шаванд»,- гуфт ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Ҳайдар Одиназода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Дар қатори чораҳои баланд бардоштани сифати таълиму тадрис роҳбари донишгоҳ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо муаллимони физика, химия ва информатика номбар намуд.
«Қобили зикр аст, ки ноил гаштан ба ҳадафи стратегии миллӣ –саноатикунонии мамлакат бе омӯхтани илмҳои дақиқ ғайриимкон аст. Барои ноил гаштан ба ин, сатҳи омӯзиши фанҳои дақиқ бояд пурра баланд бардошта шавад»,-иброз дошт ректори Донишгоҳи техникӣ.
Ёдовар мешавем, ки зимни Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки назоратро аз болои омӯхтани илмҳои муосир аз ҷониби донишҷӯён пурзӯр намоянд, онҳоро ба хондани китобҳои бадеӣ ва илмӣ шавқманд созанд, қобилияти эҷодиашонро таҳким бахшанд ва ба омӯхтани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Сарвари давлат бо мақсади боз ҳам такмил додани ҷараёни омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин ташаккул додани тафаккури техникии насли наврас пешниҳод намуданд, ки соли 2020 -2040 «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва метематика» эълон карда шавад.
Алҳол дар донишгоҳ 10 ҳазору 724 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






