Ректори ДТТ Ҳайдар Одиназода: «Барои баланд бардоштани сифати дониш миёни донишҷӯён усули машғулиятгузарониро дар мактабҳо бояд тағйир дод»

Январь 28, 2020 13:37

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  «Омӯхтани илмҳои дақиқ аз мактаби миёна оғоз ёфта, дар донишгоҳҳо идома меёбад. Барои  баланд бардоштани сифати дониши донишҷӯён  зарур аст, ки дар мактабҳо   тарзи машғулиятгузарониро   тағйир дода, вақти  машқҳои амалӣ зиёд гардонида шаванд»,- гуфт ректори Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Ҳайдар Одиназода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Дар қатори  чораҳои баланд бардоштани сифати таълиму тадрис  роҳбари донишгоҳ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро бо муаллимони  физика, химия  ва информатика номбар намуд.

«Қобили зикр аст, ки  ноил  гаштан ба  ҳадафи  стратегии миллӣ –саноатикунонии мамлакат бе омӯхтани илмҳои дақиқ ғайриимкон аст.  Барои  ноил гаштан ба ин, сатҳи омӯзиши фанҳои дақиқ бояд пурра баланд бардошта шавад»,-иброз дошт ректори Донишгоҳи  техникӣ.

Ёдовар мешавем, ки зимни Паёми  солонаи худ  ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастур доданд, ки назоратро аз болои омӯхтани илмҳои  муосир аз ҷониби донишҷӯён пурзӯр намоянд, онҳоро ба хондани китобҳои бадеӣ ва илмӣ шавқманд созанд, қобилияти эҷодиашонро таҳким бахшанд ва ба омӯхтани илмҳои табиӣ, дақиқ ва  риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Сарвари давлат  бо мақсади  боз ҳам такмил додани ҷараёни омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин ташаккул додани тафаккури  техникии  насли наврас пешниҳод намуданд, ки соли 2020 -2040 «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва метематика» эълон карда шавад.

Алҳол дар донишгоҳ 10 ҳазору 724  нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Январь 28, 2020 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд