Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд

Январь 14, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти бунёди иншооти гуногун шинос гардиданд.

Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара аз Ҷамоати шаҳраки Шӯроб боздид намуда, бо вазъи иҷтимоии сокинони шаҳрак ошно шуданд. Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак ҳал гардида, дар ояндаи наздик беморхона, мактаб ва кӯдакистони Шӯроб таъмиру навсозӣ карда мешавад.

Ҳамчунин дар ҳузури Сарвазири мамлакат лоиҳаи обёрии шаҳраки Шӯроб муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара ба дарозии беш аз 11 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол меёбад. Дар Шӯроб ду ҳавз бо ғунчоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб сохта шуда, дар масофаи наздик 6 километр қубурҳо хобонида шудааст. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насб карда хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Конибодом Сарвазири мамлакат ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 7-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.

Тавре гуфта мешавад, бинои мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 600 хонанда дар ду баст сохта мешавад.

Инчунин дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои саноатии бунёдшаванда, ки ба истеҳсоли мех, қубурҳои пластикӣ, профилҳои пластикӣ, телевизиору кондитсионер, коркард ва банду басти асал, коркарди меваи хушк нигаронида шудаанд, шинос шуд. Дар аснои шиносоиҳо зикр гардид, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои саноатӣ даҳҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.

Зарур шуморида шуд, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда бояд тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Қоҳир Расулзода ҳамзамон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки бо усули гидропоникӣ бунёд гардида истодааст, ошно гардид. Гармхонаи типи нав бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар масоҳати 2 гектар ва бо истифода аз таҷҳизоти навтарин сохта шуда, барои иҷрои корҳо мутахассисони дохиливу хориҷӣ ҷалб гардидаанд.

Январь 14, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд