Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар ноҳияи Айнӣ корхонаи нави истеҳсолиро фаъол менамояд
ДУШАНБЕ, 17.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» соли ҷорӣ дар мавзеи Кумарғи ноҳияи Айнӣ корхонаи нави истеҳсолиро фаъол менамояд. Мавзӯи мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин баррасӣ гардид.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, корхонаи нав иқтидори истеҳсоли 1 тонна тилло дар як солро доро буда, дар марҳилаи аввал 200 ва давоми ду соли наздик, яъне то соли 2022 миқдори ҷойҳои нави кориро ба 600 адад расониданӣ аст.
Раиси вилоят иқдоми роҳбарияти ширкатро хуш пазируфта, таъкид кард, ки бунёди корхонаи мазкур метавонад дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии мамлакат таъсири мусбат расонад.
Зикр гардид, ки ширкат дар соли 2019 корҳои нақшакашӣ, санҷишҳои геологӣ ва бунёди инфрасохтори заруриро ба маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ дар ин мавзеъ ба роҳ монда, соли равон ният дорад бо анҷоми корҳои сохтмонӣ ба истеҳсолот шурӯъ намояд. Ҳайати кории ширкатро дар маҷмӯъ 600 корманди техникӣ ва сохтмонӣ фаро мегирад, ки аз ин 426 нафарро коргарони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.
Раиси вилоят масъулини соҳаро уҳдадор намуд, ки бо таъсиси комиссияи дахлдор раванди омодагиҳоро барои шурӯи фаъолияти корхонаи нави истеҳсолӣ омӯхта, хулосаҳои заруриро пешниҳод намоянд.
Тавсия дода шуд, ки баробари ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, ширкат ҳамзамон дар вусъати корҳои ободонии ноҳияи Айнӣ, аз қабили таъмиру азнавсозии роҳҳо ва бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳмгузор бошад.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






