Соли 2019 дар шаҳри Бӯстон дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда се коргоҳи нав ифтитоҳ гардид

Январь 29, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо беш аз 40 намуд маҳсулоти аз ҷониби коргоҳҳои саноатии шаҳри Бӯстон истеҳсолшаванда маҳсулоти воридотивазкунанда ба ҳисоб рафта, давоми соли гузашта дар миқёси шаҳр боз се коргоҳи нав баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда -коргоҳҳои «Дурахшон — Бӯстон»  машғул ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ, аз ҷумла қоғаз барои ташноб ва дастпоккунакҳои қоғазӣ, «Суғдполитекс»- истеҳсоли намудҳои гуногуни халтаҳои полиэтиленӣ ва «Тоҷфилиз» — коркарди металл, истеҳсоли мех ва мехи печон ифтитоҳ гардиданд. Дар ин бора дирӯз раиси шаҳри Бӯстон  Раъно Ҳошимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, раиси шаҳри Бӯстон  ҳамчунин илова намуд, ки дар ин давра аз ҷониби коргоҳҳои шаҳр 6,7 ҳазор тонна орд, 296 тонна равғани растанӣ, 21,9 ҳазор декалитр обҳои маъданӣ, 143,7 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ, 2931 тонна арматураи сохтмонӣ, 93 тонна мех ва мехи печон, 13,7 ҳазор метр қубурҳои пластикӣ, 3751 тонна рехтаи пулодӣ, 110,8 тонна ранги сохтмонӣ ва 9,4 км қубурҳои азбестӣ истеҳсол карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби 30 корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон соли 2019 ба маблағи 339,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018  148,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон роҷеъ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зикр гардид, ки давоми соли 2019  ба шаҳри Бӯстон 13 659 нафар сайёҳ, аз ҷумла 840 нафар меҳмони хориҷӣ ва 12612 нафар меҳмони дохилӣ ташриф оварданд. Айни ҳол дар шаҳр 1 адад ширкати сайёҳӣ, 10 меҳмонхона ва 2 адад ҳостел фаъолият мебаранд.

Инчунин дар самти омодагиҳо ба маъракаи сиёсӣ- интихобот гуфта шуд, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ва шаҳраки Палос 30 ҳавза ва 30 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд.

“Баҳри ободонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят 10,39 км роҳҳои шаҳр, аз ҷумла 2,39 км аз таъмири асосӣ ва 8 км таъмири ҷорӣ  бароварда шудаанд”, — афзуд Раъно  Ҳошимзода.

Январь 29, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад