Спитамен Бонк: зимни пур кардани ҳамёни Qiwi тавассути SpitamenPay аз мизоҷон комиссия ситонида намешавад
ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Спитамен Бонк эълон намуд, ки ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi тавассути барномаи SpitamenPay аз мизоҷон ягон хел комиссия ситонида намешавад. Дар ин бора аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Қаблан тибқи тарифҳои мавҷуда, ҳангоми пур кардани ҳамёни Qiwi ирсолкунанда бояд ба андозаи аз 1% то 3% комиссия пардохт мекард.
Бо назардошти бароҳатии мизоҷон Спитамен Бонк фаъолияташро тавре ба роҳ мондааст, ки хизматрасониҳои мавҷударо мунтазам такмил диҳад. Ҳамчунин хизматрасониҳои наверо, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он дастрас бошанд, ҷорӣ намояд.
Барои аксари ҳамватанони мо ин воситаи хеле хуб ҷиҳати пур кардани ҳамёни наздикон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он аст.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






