«СПУТНИК»: ШИНОСНОМАИ ТОҶИКӢ ҶОЛИБТАР ГАРДИД. Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2019 мавқеи худро дар Индекси ҷаҳонии шиносномаҳо тақвият додааст
ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши ширкати байналмилалии консалтингии «Henley & Partners», Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2019 мавқеи худро дар Индекси ҷаҳонии шиносномаҳо тақвият дод, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 давлати дунё сафар намоянд. Ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар раддабандии «Henley & Partners» ҷойи 84-умро ишғол намояд.
Тавре агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия менависад, тибқи раддабандии дастрасгардида, «шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон дар соли 2019 ҷолибтар гардид».
Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Henley & Partners» чунин раддабандиро моҳи июл низ пешниҳод карда буд. Тибқи натиҷаҳои шашмоҳа, Тоҷикистон бо имкони сафар бидуни раводид ба 57 давлат дар ҷойи 87-ум қарор гирифта буд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи баландтарин (67-ум)-ро Қазоқистон ишғол кард. Сокинони он метавонанд бидуни раводид аз 76 кишвар дидан намоянд.
Баъд аз он Қирғизистон, ки бо 63 давлат дорои низоми бераводид мебошад, дар мавқеи 80-ум қарор дорад.
Ӯзбекистон низ мавқеи худро дар раддабандии ҷолибияти шиносномаҳо-2019 беҳтар кард. Ин ҷумҳурии ҳамсоя бо 57 давлат низоми бераводид дошта, дар ҷойи 85-ум (88-ум дар нимсолаи аввал) қарор гирифт.
Туркманистон дар раддабандии соли 2019 мақоми 90-ум ишғол карда, бо 52 давлат равуои бераводид ба роҳ мондааст.
Дар маҷмӯъ, раддабандии «Henley & Partners» 107 давлатро фаро мегирад. Феҳристи шиносномаҳо нишон медиҳад, ки то чӣ андоза шаҳрвандони давлатҳои гуногун метавонанд дар тамоми ҷаҳон равуо намоянд.
Дар ҷойи охир Афғонистон қарор гирифта, Россия ҷойи 51-умро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои телефонҳои мобилӣ бо ID-шиносномаҳо то 15 феврали соли 2020 тамдид карда шудааст.
ДАР АКС: намуди ID-шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






