Тартиби иштироки намояндагони ВАО дар интихобот зимни машғулият тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар робита ба баргузории интихоботи парлумонӣ дар мавзӯи «Интихобот ва ВАО» машғулият гузаронида шуд. Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Носирҷон Салимӣ оид ба фаъолият ва нақши Комиссия дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ сухан намуда, гуфт, ки интихобот яке аз равандҳои бозгӯкунандаи давлати демократӣ ба ҳисоб меравад.
Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Аваз Назаров ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва тартиби иштироки намояндагони ВАО-ро дар интихобот ба ҳозирин шарҳ дод. Зикр шуд, ки рӯзноманигорон имкон доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар интихобот ширкат варзида, оид ба ҷараёни он хабарҳо интишор намоянд. Феълан мардум аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода мекунанд, ки ин ҳам яке аз роҳҳои паҳн гардидани иттилоъ ба шумор меравад. Вале дар фазои интернетӣ дастрас кардани маълумоти боэътимод ва саҳеҳ мушкил аст, иброз дошт мутахассиси бахши иттилоот Муҳаммадӣ Ибодуллоев. Аз ин лиҳоз ҳангоми истифода аз сайтҳои интернетӣ ва таҳияи мавод ҳар як нафар бояд кӯшиш намояд, ки аз манбаъҳои боэътимод истифода кунад. Инчунин аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ дуруст истифода кардан ба манфиат аст.
Тавре директори Академияи ВАО Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, дар ин машғулияти омӯзишӣ 32 нафар рӯзноманигор аз ВАО-и мамлакат иштирок карда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки нақши ВАО дар инъикоси ҷараёни баргузории интихобот хеле муҳим аст. Бинобар ин аз рӯзноманигорон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати баргузории ин чорабинӣ фаъол бошанд ва маводи ҷолиб омода намоянд.