«Тоҷикаэронавигатсия» дар самти таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои ҳавоии Тоҷикистон ба зиёда аз 46 ҳазор ҳавопаймо хизмат расонд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Бо вуҷуди кам шудани парвозҳои транзитӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» тавонист ба 46 ҳазору 110 ҳавопаймо хидмат расонида, ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷаи ҷумҳурӣ бо афзоиши нишондодҳо ба 7,9 фоиз иҷро сохта, ҳамчун «Андозсупори беҳтарини сол» аз сӯи Кумитаи андози ҷумҳурӣ эътироф гардад», зикр намуд директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Ашӯров зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти корхона дар соли гузашта дар ҷаласаи ҷамъбастӣ.
Мавсуф доир ба самтҳои асосии фаъолияти корхона, дастовардҳои он дар давраи ҳисоботӣ ишора намуда, сабабҳои кам шудани шумораи парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои транзитии ҷумҳурӣ ва тадбирҳои дар ин самт андешидашударо махсус қайд кард.
Тавре аз маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаҳои муҷаҳҳаз кардани корхона бо технологияҳои пешрафта, дастгирӣ ва пешбарии мутахассисони ояндадор, ташкил ва баргузории курсҳои таълимии давомдор ва такмили ихтисос аз масъалаҳои асосие буданд, ки дар гузориши директори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» махсус зикр гардид.
Инчунин муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода ба фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар соли 2019 баҳои баланд дода, ба кормандону мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» барои ташкили бомуваффақият ва босифати корҳое, ки ба зиммааш вогузор гардидаанд ва таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар арзи сипос баён кард.
Мавсуф инчунин нақш ва мавқеи пешбари корхонаро дар рушди низоми авиатсияи граждании ҷумҳурӣ, хусусан пешниҳоди хизматрасонӣ, модернизатсияи таҷҳизот, ташкили шароити мусоиди корӣ ва истироҳатии кормандон ва иҷрои фармоишҳои давлатӣ махсус таъкид кард.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






