Тоҷикобод: ҷашни Сада эҳё ва ҳамагонӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни таърихии Сада дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроия, мақомоти қудратӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва мардуми ноҳия намоиши идона баргузор гардид. Дар он анвои гуногуни маҳсулоти хоҷагии халқ ва техникаҳои кишоварзӣ, инчунин маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода аз таърихи ин ҷашни аҷдодӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада ва сарвари хирадманди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Сада аз нав эҳё гардида, чанд сол боз онро мардуми ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки муддатҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида, қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Ин ҷашнҳо танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Он имрӯз аз нав эҳё ва ҳамагонӣ гардида истодааст”.
Дар хатми ҷамъомади мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як гурӯҳ деҳқонон ва ҳунармадони фаъоли ноҳия, ки маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта буданд, ифтихорнома ва мукофотҳо тақдим гардиданд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






