Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз сафарҳои нозарур ба маҳалҳои хатарнок худдорӣ намоед

Январь 22, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани  борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борону барфи бошиддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

23 январ ҳаво соф шуда, шабона ва саҳаргоҳон ҳарорат паст мешавад. Ҳаво дар водиҳо  3-8, дар ноҳияҳои доманакӯҳ 8-13, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-18 ва баландкӯҳҳо 35-40 дараҷа (дар мавзеи Булункӯл то -50 дараҷа) хунук мешавад. 21-25 январ дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.  21-23 январ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои доманакӯҳ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳот, минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки  ҳангоми гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Ба хатҳои интиқоли барқ асбобҳои гармкунандаи зиёди барқӣ пайваст накунанд. Ҳангоми гарм кардани хона бо ангишт хеле эҳтиёткор буда, дудбарои печҳоро боз монанд.

Инчунин  Кумита аз шаҳрвандон  хоҳиш менамояд, ки  аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои хатарнок, роҳҳои пурхатари нақлиётӣ, ғунучини ҳезум ва рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо худдорӣ намоянд.

«Дар натиҷаи бориши пуршиддати барф ва тағйири ҳарорати ҳаво дар бомҳои хонаҳо метавонад барфтӯда ғарам шуда, аз вазнинӣ ба зер лағжад, ки ин боиси мушкилии дигар дар роҳҳо мешавад.  Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш Кумитаи мазкур аз роҳбарони ҳамаи муассисаҳо, соҳибони хонаҳои хусусии истиқоматӣ даъват мекунад, ки бомҳоро сари вақт аз барфи зиёд ва шушаҳои овезон пок созанд. Ҳамзамон ба соҳибони ин хонаҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тоза кардани бомҳо ҳамеша аз эҳтиёт кор гирифта, ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Ронандагон низ дар  роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ронандагиро ҷиддан риоя кунанд ва аз сафарҳои бе зарурат худдорӣ намоянд»,- тавсия додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо шаҳрвандон ва меҳмонон метавонанд бо телефонҳои:  112,  93 880 28 19 ва 23-13-11 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  муроҷиат намоянд.

Январь 22, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?