«Зардолу ва компания» дар Чин 7,5 тонна хушкмеваи Тоҷикистонро ба фурӯш баровард

Январь 13, 2020 17:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсолии «Зардолу ва компания» зимни иштирок дар чандин намоишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин  беш аз 7,5 тонна намудҳои гуногуни хушкмеваи Тоҷикистонро ба фурӯш баровардааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин дастовард ба ширкати «Зардолу ва компания» маҳз бо шарофати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «ЭКСПО-2019», ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  доир гардида буд,  ба даст омадааст. Зеро маҳз бо туфайли иштирок дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ ба ширкати «Зардолу ва компания»  имкон  фароҳам омад, ки то дар 14 намоишгоҳи гуногун дар шаҳрҳои Чун Син, Синдао, Нантонг, Сиан, Шанхай, Чанша, Ухан, Нанкин, Тайгу, Тайюани Чин иштирок намуда, хушкмеваҳои сарзамини офтобии Тоҷикистонро, ки аз лиҳози тамъу лаззат ва сифат афзалият дошта, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгуст, дар бозори Чин муаррифӣ намояд.

Бояд зикр кард, ки ширкати истеҳсолии «Зардолу ва компания» соли 2012  дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт таъсис дода шуда, фаъолияти он ба захира ва банду басти меваи тару тоза ва хушк барои содирот нигаронида шуда, аз чор қисмат — барои қабули мева,  навъҷудокунӣ, поксозӣ ва банду басти он барои содирот, қисмати сеюм барои нигоҳдорӣ дар сардхона ва қисмати чорум барои бор кардан ба нақлиёти махсуси боркаши дорои яхдон иборат мебошад.

 

Январь 13, 2020 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард