11 паҳлавон Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Dusseldorf Grand Slam 2020» намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 21 то 23 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Германия Мусобиқаи муҳташами «Dusseldorf Grand Slam 2020» оид ба дзюдо баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур иштироки 802 нафар варзишгарон, аз ҷумла 471 мард ва 331 зан аз 121 мамлакати ҷаҳон дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар дар «Dusseldorf Grand Slam 2020» ширкат меварзад.
- Муҳаммадаюб Мирзозода -60кг
- Ҷамолиддин Абдуллоев -66кг
- Сомон Маҳамадбеков -73кг
- Беҳрӯзи Хоҷазода -73кг
- Акмал Муродов -81кг
- Ҳақназар Назаров -81кг
- Комроншоҳи Устопириён -90кг
- Сиротулло Икромов -90кг
- Саидҷалол Саидов -100кг
- Хуршед Маҷидов -100кг
- Шакармамад Мирмамадов +100кг
Чанде пеш ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки дар шаҳри Парижи Франсия баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Франсия) ва Шамил Ҷавбатиров (Германия) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Япония) мағлуб гашт. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Япония) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.
Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Ӯзбекистон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро аз они худ кард.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» 683 нафар варзишгарон (407 мард ва 276 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) намояндагӣ намуда, аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
Зимнан, мусобиқа дар Дюсселдорф, ки баъди Гран-прии Телавиви Исроил ва «Тоскӯлоҳи бузург» дар Парижи Франсия сеюмин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар рейтинги ҷаҳониву олимпӣ имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» — 700 ва «биринҷӣ» — 500 имтиёз дода мешавад.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу имтиёз, ҷоизаи молӣ супурда хоҳад шуд. Маблағи бунёди ҷоизаи мусобиқот 100 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум — 3000 доллар, ҷойи 2-юм — 2000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1000-долларӣ.
Хотиррасон менамоем, ки 21 феврал занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд.
22 феврал барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд.
Мусобиқа 23 феврал бо қувваозмоиҳо дар ду вазн — 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн — 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






