Абдухалил Ғафурзода: «Дар Академияи идоракунии давлатӣ ихтисосҳои нави бозори меҳнат таъсис ёфтанд»

Февраль 11, 2020 13:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти кадрии муассисаҳои соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти бакалаврият 4 ихтисоси нав — идораи мақомоти маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти сиёсӣ ва дар зинаи таҳсилоти магистратура 7 ихтисоси нав-менеҷменти сиёсӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идоракунии ҳайати кадрӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва 2 ихтисос дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ- идораи давлатӣ, ҳуқуқ ва менеҷменти сиёсӣ илова карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд.

Бино ба маълумоти номбурда, то соли 2019 дар ин муассисаи олии мамлакат дар зинаи бакалаврият аз рӯи 4 ихтисос (идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ), дар зинаи магистратура аз рӯи 2 ихтисос (идораи давлатӣ ва амнияти иттилоотӣ) ва 2 ихтисос дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ (идораи давлатӣ ва идораи ҳайати кадрӣ) мутахассис омода карда мешуд.

Ҳамзамон дар зинаи таҳсилоти докторантура (доктори фалсафа PhD аз рӯи ихтисос) аз рӯи 3 равия (равияҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ) иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ гирифта шуд.

Аз ҷониби раёсати таълим дар якҷоягӣ бо мудирони кафедраҳои тахассусӣ барои ҳамаи ихтисосҳои нав (ба миқдори 11 адад) нақшаҳои таълимӣ таҳия гардида, баъди гузаронидан аз ташхиси маркази методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

«Ҳадафи асосии Академия бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр, магистр, маълумоти дуюми олӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»,-гуфт Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода.

Февраль 11, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд