Абдухалил Ғафурзода: «Дар Академияи идоракунии давлатӣ ихтисосҳои нави бозори меҳнат таъсис ёфтанд»
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 барои баланд бардоштани сатҳи таъминоти кадрии муассисаҳои соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти бакалаврият 4 ихтисоси нав — идораи мақомоти маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти сиёсӣ ва дар зинаи таҳсилоти магистратура 7 ихтисоси нав-менеҷменти сиёсӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идоракунии ҳайати кадрӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва 2 ихтисос дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ- идораи давлатӣ, ҳуқуқ ва менеҷменти сиёсӣ илова карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, то соли 2019 дар ин муассисаи олии мамлакат дар зинаи бакалаврият аз рӯи 4 ихтисос (идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва иқтисодиёт, идораи ҳайати кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ), дар зинаи магистратура аз рӯи 2 ихтисос (идораи давлатӣ ва амнияти иттилоотӣ) ва 2 ихтисос дар зинаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ (идораи давлатӣ ва идораи ҳайати кадрӣ) мутахассис омода карда мешуд.
Ҳамзамон дар зинаи таҳсилоти докторантура (доктори фалсафа PhD аз рӯи ихтисос) аз рӯи 3 равия (равияҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, методҳо ва системаҳои ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ) иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ гирифта шуд.
Аз ҷониби раёсати таълим дар якҷоягӣ бо мудирони кафедраҳои тахассусӣ барои ҳамаи ихтисосҳои нав (ба миқдори 11 адад) нақшаҳои таълимӣ таҳия гардида, баъди гузаронидан аз ташхиси маркази методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
«Ҳадафи асосии Академия бунёди низоми доимоамалкунандаи замонавии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ (бакалавр, магистр, маълумоти дуюми олӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ), баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»,-гуфт Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода.








Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






