Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 феврал аз рӯи барномаи «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос барои мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки тарғиби идеологияи солими миллӣ ва ба ин васила пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти мамлакат, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзӯъҳоеанд, ки дар курси мазкур омӯзонида мешаванд.
Зикр гардид, ки бунёди ҷомеаи солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад. Ба ин восита мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаро бо масъулияти баланди касбӣ муваффақона анҷом диҳем. Инчунин бобати омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро гузорем. Зеро ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Зимни омӯзиш оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон, дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба ин гуна курсҳо ёдрас шуданд. Курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ тавассути онҳо дониши худро такмил дода, дар фаъолияти минбаъда аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мебаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






