Дар Душанбе қуръакашии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Февраль 29, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар меҳмонхонаи «Hyatt Ragency»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 доир шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, чемпионат дар се марҳила сурат мегирад ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Дар Чемпионати 29-уми Тоҷикистон оид ба футбол 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол», «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», КМВА, «Истаравшан», «Кӯктош», «Хатлон», «Локомотив-Помир», «Файзканд», «Душанбе-83».

Се дастаи охир бори аввал ба Лигаи олӣ роҳхат гирифтаанд. Қуръакашии тақвими чемпионатро футболбозони дар гузашта маъруф – Зокир Бердиқулов, Иброҳим Рабимов, Алексей Негматов ва Мансур Ҳакимов анҷом доданд. Ҷомро дар оғози маросим серҷоизатарин футболбоз дар таърихи Чемпионати Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов, ки дар ҳайати дастаҳои «Варзоб», «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» чемпион шудааст, ба саҳна баровард.

Тибқи анъана, аввал қуръакашии ду марҳилаи чемпионат ва баъдан марҳилаи сеюм доир гашт.
Нахуст қуръакашии рақамгузории дастаҳо сурат гирифт, ки натиҷа чунин шуд:

1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

2. «Душанбе-83» (Душанбе)

3. КМВА (Душанбе) – Клуби марказии варзишии артиш

4. «Хатлон» (Бохтар)

5. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

6. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7. «Истаравшан» (Истаравшан)

8. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

9. «Истиқлол» (Душанбе)

10. «Файзканд» (Восеъ)

Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои футболи «Локомотив-Помир» бо «Файзканд», «Душанбе-83» бо «Истиқлол», КМВА бо «Хуҷанд», «Хатлон» бо «Истаравшан», «Кӯктош» бо «Регар-ТадАЗ» вомехӯранд. Баъд аз муайян шудани тақвими чемпионат дар ду марҳила муайян карда шуд, ки дар марҳилаи сеюм кадом дастаҳо дар хона ва кадом дастаҳо дар сафар бозӣ мекунанд. Дар натиҷа дастаҳо чунин рақамгузорӣ шуданд:

1. «Истаравшан» (Истаравшан)

2. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4. КМВА (Душанбе)

5. «Душанбе-83» (Душанбе)

6. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

7. «Файзканд» (Восеъ)

8. «Хатлон» (Бохтар)

9. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

10. «Истиқлол» (Душанбе)

Хотиррасон мешавем, ки дар асоси ҷадвали Бергер дар даври ифтитоҳии марҳилаи сеюм дастаҳои футболи «Истаравшан» бо «Истиқлол», «Кӯктош» бо «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хатлон», КМВА бо «Файзканд» ва «Душанбе-83» бо «Локомотив-Помир» бозӣ хоҳанд кард.

Тибқи низомномаи чемпионат, дастаҳои Лигаи олӣ, ки дар ин мавсим ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими 2021 дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.

Февраль 29, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд