Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ маҷлиси тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ баргузор гардиданд
ХОРУҒ, 22.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 27-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ бо ширкати омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ маҷлиси тантанавӣ ва мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ баргузор гардиданд. Яке аз ҳадафҳои асосии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа — ин омода кардани наврасону ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад ва барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи худ ҳамеша ба омӯзгорони дифои ҳарбӣ такя мекунад.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа яке аз ташкилотҳои бонуфузи мамлакат буда, ҳадафи аслии он дар рӯҳияи ҳарбию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Роҳбари ташкилот Зафар Давлатов омӯзгорони фанни дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии шаҳрро бо фарорасии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик намуда, изҳор дошт, ки “нақши Артиши миллӣ дар ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо бузург аст. Афсарону сарбозони далери ватан дар ин солҳо ҳам марзу буми давлатамонро ҳимоя мекарданд, ҳам бо неруҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мубориза мебурданд ва ҳам дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 25-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ ёдоварӣ намуда, баён доштанд, ки «мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон дод, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ-фарзандони бонангу номуси Ватан дар мамлакат ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд».
Раиси Ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят гуфт, ки дар айни ҳол Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар минтақа яке аз неруҳои тавоно ва муқтадир ба ҳисоб рафта, инро дар бисёр машқҳои муштараки байналмилалӣ собит кардаанд. Ташкилоти вилоятии мададгори мудофиа дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва муассисаҳои таълимӣ кӯшиш мекунад, ки синфхонаҳои дифои ҳарбиро бо силоҳҳои машқӣ, плакату дастурамалҳои соҳавӣ муҷҷаҳаз гардонад, то минбаъд ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан бо омодагии комил раҳсипор гарданд.
Пас аз ҷаласаи тантанавӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ мусобиқаҳои варзишӣ-ҳарбӣ баргузор гардиданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






