Дар Киев аввалин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид

Февраль 5, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар Киев аввалин ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украинаро дар заминаҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ намуда, атрофи ҳамкории ду давлат  дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зимни ройзаниҳо омодагии ҷонибҳо ҷиҳати такон додан ва густариши бештари ҳамкории Тоҷикистону Украина таъкид гардид.

Февраль 5, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд