Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро баррасӣ намуданд

Февраль 25, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 25.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вохӯрие, ки имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони кумитаи мазкур ва кормандони масъули  Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррусияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид,  баррасӣ шуд.

Муовини  якуми  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шараф Шерализода ва корманди  масъули Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррусияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Акобирзода   роҷеъ ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат  сухан карда, зикр намуданд, ки  Паёми Президенти  мамлакат  дурнамои рушди соҳаҳои гунонуни ҷомеаи  навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии  ҷумҳурӣ, бунёди ҷомеаи дунявӣ  ва фароҳам овардани  зиндагии шоиста ба мардум нақши бориз дорад. Тавре Пешвои  миллат дар Паёмашон ба Парлумон зикр намуда буданд: «Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи мамлакат мусоидат намуд».

Гуфта шуд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар гардида, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Сатҳи камбизоатӣ 27,5 фоиз паст гардид.

Зикр шуд, ки алҳол  Тоҷикистон дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорад. Дар ин росто, Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххас амалӣ карда истодааст.

Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон  66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодӣ фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок месозад.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои муқовимат ба коррупсия матраҳ гардида, таъкид шуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи ҷомеа  буда, метавонад сабаби коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Февраль 25, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт