«ДАР МАМЛАКАТ МАРҲАЛАИ НАВИ ИНТИХОБОТ – ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ ШУРУЪ ГАРДИД». Мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» бо узви КМИР академик Носирҷон Салимӣ

Февраль 12, 2020 17:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, бомаром ҷараён дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ оид ба фаъолият ва нақши Комиссия дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Носирҷон САЛИМӢ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»:  Сараввал бигӯед, ки то имрӯз КМИР дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи дарпешистода чӣ гуна шароитҳоро муҳайё намудааст?

Носирҷон САЛИМӢ: Пас аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 қарори Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз 7 декабри соли 2019 тасдиқ карда шуд.

То имрӯз Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро саривақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.

Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби КМИР ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи дарпешистода дар ҳудуди мамлакат як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот, ҳамчунин комиссияҳои ҳавзавӣ таъсис дода шуд. Тавассути комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар қаламрави мамлакат 3410 участкаи интихоботӣ ташкил  гардид. Дар айни замон комиссияҳои ҳавзаҳо  дар ҷараёни ба анҷом расонидани чорабиниҳои марбут ба интихобот фаъол мебошанд.

Ҳамчунин барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҷумҳурӣ кор ва зиндагӣ мекунанд, дар хориҷи мамлакат, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудаанд.

Бо ибтикори кормандони КМИР ва ҷалби коршиносони ботаҷрибаю варзида барои масъулини ҳавзаҳо ва комиссияҳои интихобот дар саросари ҷумҳурӣ чор маротиба семинарҳои омӯзишӣ доир карда шуданд. Гузашта аз ин, аз ҷониби КМИР чор қонуни марбут ба интихобот  ва 18 номгӯй дастурамалу раҳнамоҳо ва овезаҳо ба теъдоди 400 ҳазор нусха нашр гардида, ба ҳавзаву участкаҳо дастрас карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз масъалаҳои муҳими раванди омодагӣ ба интихобот- ин бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ба ҳисоб меравад. Ин марҳила чӣ гуна ҷараён гирифт?

Носирҷон САЛИМӢ: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи муҳлатҳои пешбиникардаи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро ба қайд гирифт. Дар марҳалаи пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ тавассути рӯйхатҳои ҳизбӣ 73 нафар ва дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот 204 нафар номзадҳо пешбарӣ карда шуданд.

Дар марҳалаи бақайдгирӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 номзадро, ки аз 7  ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ гардидаанд, расман  ба қайд гирифт. Инчунин дар ҳавзаҳои якмандата 176 нафар, дар маҷмӯъ 241 нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 48 нафарашро занон ташкил медиҳанд.

Ба воситаи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҷониби 7 ҳизби сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, номзадҳо пешбарӣ ва ба қайд гирифта шуданд.

Ҳамчунин аз тарафи ҳавзаҳои якмандатаи интихобот 77 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲАТ, ҲИИТ, ҲСТ, ҲХДТ, ҲКТ ва ҲДТ ба тариқи худпешбарӣ 98 нафар номзад ба қайд гирифта шуданд.

Марҳалаи дигари интихобот дар мамлакат оғоз шуд. Ин ташвиқоти пешазинтихоботӣ мебошад, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо, шахсони боэтимоди номзадҳо ва ҳамчунин тамоми шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқ доранд барои тарғиботу ташвиқот фаъол бошанд. Яъне мулоқоти мардум бо номзадҳо шурӯъ шудааст.

АМИТ «Ховар»: То имрӯз аз чанд давлат барои иштирок дар раванди мушоҳидаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ворид шудааст?

Носирҷон САЛИМӢ: Барои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 130 дархост ворид шудааст. КМИР то имрӯз 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро  ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супорид. 10 феврал ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи ИДМ мушоҳидаи  ҷараёни омодагӣ ва  баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 1 марти соли равон доир мешавад, оғоз намуданд. Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад.

Дар назар аст, ки  ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида кунанд.

Февраль 12, 2020 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шуд
Муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон
Дар Камбоҷа аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ ёдовар шуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конфронси байналмилалӣ дар Туркманистон иштирок намуданд
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ муҳокимаи парлумонӣ доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд