Дар Япония изҳор доштанд, ки коронавируси нав аз зукоми одӣ хавфноктар нест

Февраль 6, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавируси 2019-nCoV, ки сабаби илтиҳоби шуш мегардад,  бо дараҷаи хатарнокӣ  шабеҳи зукоми одӣ буда, то ҳол дар Япония боиси ягон бемории вазнин  нагаштааст. Дар ин бора раиси Ассотсиатсияи Япония оид ба омӯзиши бемориҳои  сироятӣ,  профессор Кадзухиро Татэда ҳангоми мусоҳиба бо рӯзномаи Nikkei баён дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Институти миллии бемориҳои сироятӣ бемории коронавирусро  таҳқиқ намуд. Дақиқ гардид, ки  ин ҷо ягон тағйирёбии табиӣ ё сунъии генетикӣ вуҷуд надорад, то иқтидори сироятӣ ва  иллатнокиро афзоиш диҳад. Коронавируси нав ягон хусусияти мушаххаси  хатар надорад, он ба зукоми муқаррарӣ монанд аст»,-  бо эътимод гуфт ӯ.

Профессор аз фавти зиёди  беморон  дар Чин бинобар хурӯҷи намуди нави илтиҳоби шуш изҳори тааҷҷуб намуд. «Дар Япония ягон бемор бо  ҳолати вазнин вуҷуд надорад»,- зикр  намуд ӯ.  — Эҳтимол  ин аз фарқияти  усулҳои  табобат  вобаста бошад».

То ҳол дар Япония 23 ҳолати  сирояти 2019-nCoV расман тасдиқ шудааст.

Февраль 6, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид