Дар Женева Конфронси байналмилалӣ оид ба коронавирус оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз ҳазор нафар аз сирояти коронавируси нав, ки имрӯз расман номи Covid-19-ро гирифт, вафот карданд. Дар ҳамин ҳол, садҳо мутахассисон ва намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои ҷаҳон барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба коронавирус, ки дирӯз, 11 феврал дар Женева оғоз гардид, ҷамъ омаданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти субҳи рӯзи сешанбе, дар Чин ҳамагӣ 42 ҳазору 798 нафар сироят ёфта, аз онҳо 1 ҳазору 17 нафар бар асари ин беморӣ вафот кардаанд. Дар 24 кишвари дигар 393 ҳолати сироятёбӣ ва як фавт дар Филиппин ба қайд гирифта шудаанд.
«Мо то ҳол дар бораи коронавирус маълумоти зиёд надорем… Мо мехоҳем аз дониш ва таҷрибаи шумо барои пайдо намудани посух ба саволҳоямон истифода карда, мушкилотеро, ки эқтимол то ҳол вуҷуд доштанашонро намедонем, муайян намоем», — гуфт Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейюс зимни ифтитоҳи конфронс дар Женева.
Ба таъкиди Директори генералии СУТ, яке аз вазифаҳои иштирокдорони форум таҳияи «харитаи роҳ» барои тадқиқоти минбаъда мебошад, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи олимон ва донорҳо нигаронида шуда бошад.
«Пеш аз ҳама, бояд табодули маводи лабораторӣ ба роҳ монда шавад. Таҳияи ваксина метавонад 18 моҳро дар бар гирад, аз ин рӯ ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро мебояд воситаҳои мавҷударо барои ҳифзи аҳолӣ аз таҳдид истифода барад», — гуфт Тедрос Адханом Гебрейюс.
Имрӯз маълум гардид, ки СУТ ба короновируси нав номи расмӣ гузошт. Он Covid-19 номгузорӣ шуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе директории генералии ин созмон зимни суханрониаш дар Женева хабар дод.
ДАР АКС: ҳарорати мизоҷони маркази савдоро дар Янгони Мянмар чен мекунанд. Акс аз Ман Йи








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






