Дар Женева Конфронси байналмилалӣ оид ба коронавирус оғоз гардид

Февраль 12, 2020 12:39

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз ҳазор нафар аз сирояти  коронавируси нав, ки имрӯз расман номи Covid-19-ро гирифт, вафот карданд. Дар ҳамин ҳол, садҳо мутахассисон ва намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои ҷаҳон барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид  ба коронавирус, ки дирӯз, 11 феврал дар Женева оғоз гардид, ҷамъ омаданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти субҳи рӯзи сешанбе, дар Чин ҳамагӣ 42 ҳазору 798 нафар сироят ёфта, аз онҳо 1 ҳазору 17 нафар бар асари ин беморӣ вафот кардаанд. Дар 24 кишвари дигар 393 ҳолати сироятёбӣ ва як фавт дар Филиппин ба қайд гирифта шудаанд.

«Мо то ҳол дар бораи коронавирус маълумоти зиёд надорем… Мо мехоҳем аз дониш ва таҷрибаи шумо барои пайдо намудани посух ба саволҳоямон истифода карда, мушкилотеро, ки эқтимол то ҳол вуҷуд доштанашонро намедонем, муайян намоем», — гуфт Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейюс зимни ифтитоҳи конфронс дар Женева.

Ба таъкиди Директори генералии СУТ, яке аз вазифаҳои иштирокдорони форум таҳияи «харитаи роҳ» барои тадқиқоти минбаъда мебошад, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи олимон ва донорҳо нигаронида шуда бошад.

«Пеш аз ҳама, бояд табодули маводи лабораторӣ ба роҳ монда шавад. Таҳияи ваксина метавонад 18 моҳро дар бар гирад, аз ин рӯ ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро мебояд воситаҳои мавҷударо барои ҳифзи аҳолӣ аз таҳдид истифода барад», — гуфт Тедрос Адханом Гебрейюс.

Имрӯз маълум гардид, ки СУТ ба короновируси нав номи расмӣ гузошт. Он Covid-19 номгузорӣ шуд. Дар ин бора рӯзи сешанбе директории генералии ин созмон зимни суханрониаш дар Женева хабар дод.

ДАР АКС: ҳарорати мизоҷони маркази савдоро дар Янгони Мянмар чен мекунанд. Акс аз Ман Йи

 

Февраль 12, 2020 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид