Дониш пояи аслии расидан ба муваффақият аст. ММКД-и шаҳри Бохтарро 160 нафар донишҷӯ хатм намуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар нахустин маросими хатми таҳсил баргузор намуд. Беш аз 160 нафар донишҷӯён дарсҳои забони англисии сатҳи гуфтугӯӣ, забони русӣ, банақшагирии тиҷорат, муҳосибот ва гувоҳномаи байналмилалии корбарии компютер (ICDL)-ро бо муваффақият хатм карданд. Маросими хатми таҳсил дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар моҳи марти соли 2019 ифтитоҳ шуда, то имрӯз 635 нафар донишомӯзро ба таҳсил фаро гирифтааст.
-ММКД фурсатеро фароҳам кардааст, ки ман метавонам дониши худро дар заминаи тиҷорат ва инчунин эҷоди робита бо дигар соҳибкорон дар вилоят тавсеа диҳам,-мегӯяд хатмкунандаи дарси банақшагирии тиҷорат аз ноҳияи Ҷайҳун Акмал Акрамшоев.
«Дониш пояи аслии расидан ба муваффақият аст ва чизе, ки мо дар ММКД омӯхтем, ба амалӣ намудани нақшаҳо, расидан ба қуллаҳои нав ва боло бурдани маҳорати касбии мо ба гунаи чашмрас мусоидат мекунад»,- меафзояд Акмал Акрамшоев.
Шурӯъ аз моҳи марти соли 2019 54 донишомӯз дар дарси 150-соатаи ММКД худро сабти ном карда, 46 нафари онҳо ҳангоми маросими хатм соҳиби гувоҳнома гардиданд.
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ба унвони шарики амалӣ намудани лоиҳаи «Пешрафти Тоҷикистон» ҳадаф гузоштааст, ки 165 ҳазор нафар сокинонро мустақиман ва 460 ҳазор бошандаи 16 ноҳияи Тоҷикистон, воқеъ дар марз бо Афғонистонро ба таври ғайримустақим ба барномаҳои худ фаро гирад.
Лоиҳаи «Пешрафти Тоҷикистон» ҳамкории худро ҷиҳати тақвияти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии сокинони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавсеа медиҳад.
ММКД дар доираи ин лоиҳа соҳибкоронро дар заминаи дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва хизматрасониҳои техникӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи мазкур ба густариши давраҳои омӯзишии соҳибкорӣ (200 нафар) ва соҳибкории иҷтимоӣ (160 нафар) нигаронида шуда, ММКД Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар 16 ноҳияи марзии вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон амалӣ мешавад.
ДАР АКС: Ашам Миралиева (аз тарафи рост), хатмкунандаи барномаи забони англисии ММКД дар ҳоли гирифтани гувоҳнома аз дасти директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор Диловар Бутабеков.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






