Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус тестҳои оҷилӣ ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия аз ҷониби Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия – Роспотребнадзор ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус шумораи зарурии тестҳои оҷилӣ ҷудо карда шуд. Ҳоло тестҳои мазкур дар Озмоишгоҳи вирусологии вазорат қарор дошта, дар ҳолати пайдо шудани гумонбарони гирифтор ба вируси нав масъулин аз ин тестҳо истифода мебаранд. Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, айни замон озмоишгоҳҳои вирусологии Вазорат дар ҳоли омодабош қарор дошта, дар мавриди пайдо шудани нафарони гумонбар ба коронавирус онҳо ба ташхис фаро гирифта мешаванд.
«Ҳоло беш аз 300 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда дар озмоишгоҳҳои вирусологии мамлакат бистарӣ ва таҳти назорати духтурон қарор доранд. Бояд ҳаминро зикр намуд, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ ягон нафар шахси гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»,- гуфт Мирҳамуддин Камолзода.
Ёдовар мешавем, ки теъдоди ҳолатҳои тасдиқгаштаи илтиҳоби шуш, ки ангезандааш 2019-nCoV мебошад, рӯзи сешанбе дар Чин 20 ҳазорро ташкил додааст. Мутобиқи гузориши Кумитаи давлатии тандурустӣ, шумораи ҳалокшудагон то 425 нафар расидааст.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






